Бюрои ҳуқуқи башар ва риояи қонуният, як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Муллораҷаб Юсуфӣ, хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодиро бо ҷоизаи «Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар журналистика» сарфароз гардонд. Ҷоизаро рӯзи 9-уми декабр дар Душанбе супурданд. Муллораҷаб Юсуфӣ яке аз гузоришгарони фаъоли Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон аст, ки мавзуъҳои […]