Тоҷикистон тавсияи Бонки Ҷаҳониро, ки ҳафт моҳ пеш хоста буд, “Тоҷиктелеком»-ро аз тобеияти Хадамоти алоқа берун биорад, иҷро накардааст. Ҳоло “Тоҷиктелеком” ягона ширкати дастраскунандаи Интернет дар кишвар аст. Коршиносон мегӯянд, чунин вазъ боиси аз байн рафтани рақобат ва монеи рушди бозори мухобирот шудааст.
Рӯзи 7-уми декабр дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфтанд, онҳо бо Бонки Ҷаҳонӣ бар сари тарҳҳои гуногун ҳамкорӣ доранд, вале тафсилоти онро нагуфтанд. Дар ин ниҳод касе ҳозир нашуд, шарҳ диҳад, ки тавсияҳои Бонки Ҷаҳониро дар мавриди “Тоҷиктелеком” баррасӣ кардаанд ё не.
Ян Петерс Олтерс, мудири дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, рӯзи 22-юми апрели имсол дар нишасте гуфт, «ҳоло дар бозори мухобиротии Тоҷикистон ширкати давлатӣ (“Тоҷиктелеком”) мавқеи ҳукмфармо дорад ва тавсия ин аст, ки танзимгари соҳа аз ширкати давлатии интернетрасон ҷудо карда шавад». Вай он замон таъкид кард, ки бо бартараф кардани монеаҳо дар роҳи рушди соҳа, Тоҷикистон метавонист, сармояи бештари хусусиро ба ин соҳа ҷалб кунад.
«Вазъ беҳтар не, бадтар шудааст?»
Коршиносон иҷрои чунин тавсияҳоро барои беҳбуди вазъ муҳим медонанд. Рустам Гулов, коршиноси масоили фанноварӣ, рӯзи 6-уми декабр гуфт, пас аз тавсияҳои Бонки Ҷаҳонӣ ҳеч пешравиеро дар соҳаи мухобирот намебинад. Баръакс, ба гуфтаи ӯ, вазъи дастрасӣ ба Интернет бадтар шудааст.
“Раддабандиҳоро бинед, мутаассифона, Тоҷикистон дар байни кишварҳое, ки сифати интернет хеле паст ва нархаш гарон аст, ҷой мегирад. Аз нуқтаи назари сифат, суръат ва нарх мо рақобатро дар бозори ҷаҳонӣ бой медиҳем. Соҳаи мухобирот бахше аст, ки бо он метавон ба бозори ҷаҳонӣ баромад,” – афзуд Гулов.
Бозори Интернет аз соли 2018 зери назари ширкати давлатии «Тоҷиктелеком» аст. Пештар ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон ҳақ доштанд, мустақилона аз хориҷа Интернет бигиранд. Бо як тасмими баҳсбарангези Хадамоти алоқа онҳо вазифадор шуданд, Интернетро танҳо аз идораи давлатии «Тоҷиктелеком» бихаранд. Тағйироте, ки ба назари коршиносон, рушди соҳаро боздошт ва боис ба кам шудани даромади ширкатҳои мухобиротӣ шуд.
Даъвату тавсияҳо ба мақомоти Тоҷикистон барои муҳайё намудани шароиту рақобат миёни ширкатҳо дар гузашта низ борҳо садо додааст, аммо ба назар мерасад ҷиддӣ гирифта намешавад. Ба қавли Рустам Гулов, сабаби чунин бархурд ва аз тобеияти Хадамоти алоқа берун накардани ширкати “Тоҷиктелеком” ба манфиати шахсонест, ки намехоҳанд онро аз даст бидиҳанд.
Ширкатҳо гап назаданд….
Намояндагони ширкатҳои дигари дастраскунандаи Интернет, ки гуфта мешавад, аз ҳисоби инҳисор ё монополияи бозор зарбаи сахте дидаанд, намехоҳанд, дар бораи мушкилашон бо расонаҳо ошкоро суҳбат кунанд.
Рӯзи 6-уми декабр бо чанде аз намояндагони ширкатҳо дар тамос шудем, аммо суҳбат кардан нахостанд. Баъзе аз иқтисоддонҳо ба ин назаранд, ки вазъи ҳозира дар бозори мухобирот на танҳо ба зиёни ширкатҳои хидматрасон, балки ба зиёни мардум ва буҷаи кишвар низ ҳаст.
“Ҳамин гуна инҳисор (монополия) агар идома кунад, ба буҷаи кишвар зиёни зиёд мерасад. Дар сурати набудани инҳисор, андозсупорандаҳо бештар мешаванд; шумораи ширкатҳои андозсупоранда зиёд мегардад; тиҷорати хурду миёна тавассути хидматрасониҳои интернетӣ рушд мекунад. Рақобат, ки шуд, ҳам нарх арзон ва ҳам хидматрасонӣ беҳтар мегардад. Ин ба нафъи ҳама аст,” — бовар дорад иқтисоддон Фозилҷон Фатҳуллоев.
Сокинон чӣ мегӯянд?
Як пурсиши мо дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, ки аксар мардум аз гаронии нархи Интернет ва хадамоти мобилӣ дар кишвар шиква доранд. Онҳо мегӯянд, пули зиёдеро барои дастрасӣ ба интернет харҷ мекунанд, вале сифату суръати он ва гуфтугӯ бо телефони мобилӣ қаноатбахш нест. Аммо шумораи каме аз хадамоти мобилӣ ва Интернет дар Тоҷикистон розӣ ҳастанд.
Яке аз мусоҳибони мо гуфт, “ҳолатҳое мешавад, ки Интернет хеле суст кор мекунад ва мо наметавонем маълумоти даркориро пайдо кунем.”
Мусоҳиби дигари мо афзуд, “ҳарчанд маблағи зиёд харҷ мешавад, дар ҳама минтақаҳо суръати Интернет хуб нест.”
“Бастаи интернети ман «Супер 10″ аст ва суръаташ кофӣ аст, яъне хуб кор мекунад,” — иддао кард яке аз роҳгузарон дар Душанбе.
Танқидҳо аз суръати сусти Интернет ва нархи гарони он дар давраи пандемияи COVID-19, ки ниёзҳоро барои истифода аз он зиёдтар кард, бештар садо дод. Масъулони Хадамоти алоқа танқидҳоро одилона намеҳисобанд ва пайваста аз беҳбудӣ дар соҳа ситоиш мекунанд.
Адолат Абдураҳмонзода, муовини раиси Хадамот, дар нишасти матбуотии моҳи феврали имсол гуфта буд, “шумораи истифодабарандаҳои Интернет 3,34 миллион нафар аст, ки нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфтааст.”
Тоҷикистон аз рӯйи суръати интернети мобилӣ дар миёни 124 кишвар дар яке аз мақомҳои поёнист. Як муассисаи таҳқиқотӣ моҳи июни соли гузашта гуфта буд, ки суръати Интернет дар Тоҷикистон яке аз сусттаринҳо дар ҷаҳон аст. Сабабашро ба дахолати давлат ба кори ширкатҳои хусусии мобилӣ ва ба дасти ширкати давлатӣ додани ҳаққи тақсими Интернет рабт дод.
Маълумот аз сомонаи https://www.ozodi.org/a/31599625.html гирифта шудааст.
Шарҳи худро гузоред