Ассотсиатсияи «Машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (APART) дар хамкорӣ бо Ваколатдор оид ба Ҳуқуқи Инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Ҷамъиятии «Ташаббусҳои рушди деҳот» ба амалисозии лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон» шурӯъ менамояд.
Ҳадафи лоиҳаи мазкур мусоидат ба фароҳам овардани муҳити мусоиди ҳуқуқӣ барои мутахассисони ВАО дар Тоҷикистон тавассути таъсис ва омӯзонидани як гурӯҳи ҳуқуқшиносон барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои намояндагони ВАО дар ҳама марҳилаҳои тафтишот мебошад; таъмини фаъолияти се “Телефони боварӣ” дар шаҳрҳои Душанбе (Душанбе ва Ноҳияҳои Тобеи Марказ), Хуҷанд (вилояти Суғд) ва Кӯлоб (вилояти Хатлон) бо мақсади дастгирии саривақтии ҳуқуқӣ ва равонии намояндагони ВАО; ташкили платформа барои ҷустуҷӯ, муҳокима ва ҳалли мушкилоти пайдошуда дар ин самт; ташкили таҷрибаомӯзӣ барои баланд бардоштани сатҳи касбии рӯзноманигорон; мусоидат ба баланд бардоштани обрӯи ВАО ва барқарор кардани эътимоди хонандагон ба маводҳое, ки дар матбуоти даврӣ дар асоси далелҳои боэътимоди тафтишоти журналистӣ нашр мешаванд; такмили / ислоҳоти қонунгузорӣ оид ба фаъолияти ВАО.
Маълумот барои тамос:
Ҳамидова Ҳабибахон – Роҳбари Лоиҳа
Суроға: шаҳри Хуҷанд, кӯчаи К.Хуҷандӣ 185, утоқи №6.
Тел: +992 92 775 57 55
Факс: 3 422 6 09 03
E-mail: apart.tj@gmail.com
Web-site: www.apart.tj
Шарҳи худро гузоред