• Лоиҳаи “Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон”
  • +992 92 775 5755
  • apart.tj@gmail.com
Ассотсиатсияи машваратчиёни хуқукии ҶТ
  • Асосӣ
  • Дар бораи мо
    • Дар бораи мо
    • Тими лоиха
    • Шарикон
  • Лента
  • Чорабиниҳо
    • Ахбор
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Бойгонии аксхо
  • Тамос
  • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
    • Тоҷикӣ

Дар Тоҷикистон даври интихобии Озмуни телевизионии «The Central Asia’s Got Talent» оғоз шуд

  • 19.11.2021
  • admin
  • 235 Views
  • 0 Likes

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» даври интихобии Озмуни телевизионии «The Central Asia’s Got Talent» оғоз гардид, ки он тавассути 5 шабакаи телевизонии ҷаҳон- «НТК»-и Қазоқистон, «Севимли»-и Узбекистон, КТРК-и Қирғизистон, «ТВ Сафина»-и Тоҷикистон ва ҳамчунин «Хазар ТВ»-и Озарбойҷон пахш мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз МД «ТВ Сафина».

Дар Озмуни телевизионии «The Central Asia’s Got Talent» сокинони соҳибистеъдод аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва имсол аз Озарбойҷон, новобаста ба сол ва шуғл иштирок  карда метавонанд. Озмун дар панҷ марҳила сурат мегирад: кастинг, санҷишҳои кушод, чорякфинал, нимфинал ва Гранфинал. Дар даври аввал истеъдодҳо аз ҷониби аъзои ҳакамон интихоб мешаванд, дар даври охирин ғолиби асосӣ аз ҷониби тамошобинон тариқи смс паёмак интихоб мегардад.

Бояд гуфт, ки  соли 2019 овозхони ҷавони тоҷик Чоршанбе Аловатов ғолиби мутлақи озмун ва гирандаи 10 миллион тангаи қазоқӣ, баробар ба беш аз 26 ҳазор доллар ҷоизаи асосии озмун гардида буд. Пирӯзии ӯ дар пайи овоздиҳии сокинони чаҳор ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ба даст омад. Чоршанбе Аловатов яке аз 12 иштирокдори даври ниҳоии озмуни “Central Asia’s Got Talent” ва намояндаи ягонаи Тоҷикистон дар даври охирин буд.

Чоршанбе Аловатов дар даври ниҳоӣ таронаеро аввал ба забони итолиёӣ ва сипас тоҷикӣ иҷро кард. Вай дар даврҳои гузашта таронаи «Агар он турки шерозӣ»-и Далер Назаров ва «Акрамҷон»-и Муборакшоро хонда, мавриди ситоиши доварону тамошобинон қарор гирифта буд.

Дар назар аст, ки пагоҳ дар МД «ТВ Сафина» бо иштироки овозхони тоҷик Чоршанбе Аловатов нишасти хабарӣ баргузор гардад.

Маълумот аз сомонаи https://khovar.tj/2021/11/dar-to-ikiston-davri-intihobii-ozmuni-televizionii-the-central-asia-s-got-talent-o-oz-shud/ гирифта шудааст.

ВАО
“Духтаре, ки бо ӯ вомехӯрд”: чӣ гуна рӯзноманигорон дар Тоҷикистон ба бисёрзанӣ чашм мепӯшанд
Телевизиони Тоҷикистон: Даст кашидан аз монополия баҳри рушди оянда
Related Posts
  • Тақвимхои деворӣ ва буклетхои маълумотӣ омода карда шуданд, ки ба фаъолияти ВАО бахшида шудаанд 20.05.2021
  • Ташкили телефонҳои боварӣ барои расонадани машварати ҳуқуқӣ ба ВАО 05.04.2021
  • Оғози амалисозии лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон» 01.04.2021

Шарҳи худро гузоред Cancel Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ҳуқуқи муаллифӣ

Сомонаи мазкур бо дастгирии Фонди Демократии СММ (ФДСММ) таҳия карда шудааст. Мундариҷаи сомона мавзуи масъулияти Ассотсиатсияи машваратчиёни ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва нуқтаи назари ФДСММ-ро инъикос намекунанд.

Ахбори тоза

  • ТОК-ШОУ: “ТАЪМИНИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ”
  • ПОДКАСТ: ПАХШИ БАРНОМАИ РАДИО ДАР РАДИО “ВАТАН”
  • ВАРАКАИ МАТБУОТИ: ПАХШИ РАДИО БАРНОМАИ НАВБАТИ
  • КОНФРОНС
  • ТОК-ШОУ: ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СИРРИ ДАВЛАТИ»

Мавзуъҳои мубрам

ВАО Душанбе Кӯлоб Суғд Хатлон Хуҷанд амалишавӣ буклет дастрасӣ ба иттилоот журналист лоиҳа машварат оғоз тақвим телефони боварӣ шаҳрванд ҳуқуқ
Ташриф: 373 Имрӯз: 1 Ҳамагӣ: 273787