• Лоиҳаи “Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон”
  • +992 92 775 5755
  • apart.tj@gmail.com
Ассотсиатсияи машваратчиёни хуқукии ҶТ
  • Асосӣ
  • Дар бораи мо
    • Дар бораи мо
    • Тими лоиха
    • Шарикон
  • Лента
  • Чорабиниҳо
    • Ахбор
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Бойгонии аксхо
  • Тамос
  • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
    • Тоҷикӣ

Дар Хуҷанд озмуни рӯзноманигорон эълон шудааст

  • 15.11.2021
  • admin
  • 249 Views
  • 1 Likes

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар бораи қабули мавод дар мавзӯи пешгирии зӯроварӣ дар оила хабар дод.

Дар озмуне, ки бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оила ва инчунин маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, тамоми хоҳишмандон, рӯзноманигорони таҷрибадор, фрилансерҳо, инчунин донишҷӯёни факултети журналистика метавонанд, ширкат варзанд.

Ба гуфтаи Маъмур Юсуфов, раиси дафтари матбуот, ин озмун дар чаҳорчӯби Барномаи давлатии “Пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” баргузор мешавад.

«Ҳадаф аз баргузории озмун муайян намудани беҳтарин кормандони ВАО дар минтақа, ошкор намудани истеъдодҳои нав дар соҳаи рӯзноманигорӣ, ки дар таблиғоти ҷилавгирӣ аз хушунат ва нобаробарии гендерӣ, равшансозии ҳуқуқи занону мардон фаъолона иштирок мекунанд, беҳбудии вазъи занон дар ҷомеа  ба ҳисоб меравад», – гуфт М.Юсуфов.

Ба гуфтаи ӯ, дар маводи пешниҳодшуда муаллифон бояд аз далелу маълумоти воқеӣ истифода кунанд, роҳҳои пешгирии хушунати хонаводагиро пешниҳод намоянд. Озмун аз рӯи чаҳор номинатсия: беҳтарин мақола, репортаж ё барномаи телевизионӣ, беҳтарин навори иҷтимоӣ ва аксбардорӣ баргузор мешавад.

“Рӯзи охирини қабули маводҳои озмун 1 декабри соли 2021 аст. Ҳама маводҳо бояд қайди “Барои озмун” дошта бошанд. Натиҷаи озмун дар рӯзи ниҳоии маъракаи “16 рӯзи бидуни хушунат”, ки ҳамасола дар даҳаи аввали моҳи декабр баргузор мешавад, эълон хоҳад шуд”, – хулоса кард роҳбари хадамоти матбуот.

Маълумот аз сомонаи https://sugdnews.com/2021/11/09/v-hudzhande-objavlen-konkurs-dlja-zhurnalistov-2/ дастрас шудааст.

ВАОозмун
Тоҷикистон аз ҷиҳати суръат ва нархи интернет мавқеи худро дар ҷаҳон “гум” накардааст
“Духтаре, ки бо ӯ вомехӯрд”: чӣ гуна рӯзноманигорон дар Тоҷикистон ба бисёрзанӣ чашм мепӯшанд
Related Posts
  • Тақвимхои деворӣ ва буклетхои маълумотӣ омода карда шуданд, ки ба фаъолияти ВАО бахшида шудаанд 20.05.2021
  • Ташкили телефонҳои боварӣ барои расонадани машварати ҳуқуқӣ ба ВАО 05.04.2021
  • Оғози амалисозии лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон» 01.04.2021

Шарҳи худро гузоред Cancel Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ҳуқуқи муаллифӣ

Сомонаи мазкур бо дастгирии Фонди Демократии СММ (ФДСММ) таҳия карда шудааст. Мундариҷаи сомона мавзуи масъулияти Ассотсиатсияи машваратчиёни ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва нуқтаи назари ФДСММ-ро инъикос намекунанд.

Ахбори тоза

  • ТОК-ШОУ: “ТАЪМИНИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ”
  • ПОДКАСТ: ПАХШИ БАРНОМАИ РАДИО ДАР РАДИО “ВАТАН”
  • ВАРАКАИ МАТБУОТИ: ПАХШИ РАДИО БАРНОМАИ НАВБАТИ
  • КОНФРОНС
  • ТОК-ШОУ: ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СИРРИ ДАВЛАТИ»

Мавзуъҳои мубрам

ВАО Душанбе Кӯлоб Суғд Хатлон Хуҷанд амалишавӣ буклет дастрасӣ ба иттилоот журналист лоиҳа машварат оғоз тақвим телефони боварӣ шаҳрванд ҳуқуқ
Ташриф: 429 Имрӯз: 1 Ҳамагӣ: 272340