Рӯзи 25 ноябр аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъйини раҳбарони раёсатҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, шабакаҳои телевизионии давлатӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон як қатор қарорҳо ба тасвиб расонида шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Ҳамин тариқ, Абдураҳимзода Парвиз Абдураҳим – сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон,
Абдурасулзода Шаҳриёр Абдурасул – сардори Хадамоти иҷозатномадиҳии шаҳрсозӣ,
Ашурзода Бахтиёр Саидқул – сардори Раёсати экспертизаи ғайридавлатии лоиҳаҳои сохтмонии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамчунин, қарори Ҳукумат дар бораи таъин намудани Нуруллозод Сафарбек Нурулло ба ҳайси директори Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмони шоҳроҳи Шохон-Зигар» ба имзо расид.
Амирзода Дилафрӯз Субҳон – директори телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”,
Маҳмудӣ Ҳамза Наврӯз – директори Муассисаи давлатии “Телевизиони кӯдакону наврасон – Баҳористон”
Бахтовара Сайфулло – директори Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон “Шоҳнавоз”.
Илова бар ин, Мирзоев Саломатшо бо қарори Ҳукумат сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Маълумот аз сомонаи https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/power/20211125/v-tadzhikistane-naznachili-novih-glav-podrazdelenii-nekotorih-vedomstv-i-telekanalov\
гирифта шудааст.
Шарҳи худро гузоред