Ҳуқуқи озодии иттилоот ҳуқуқи асосии инсон ба шумор рафта, санади байналмилалии аввалин, ки ин ҳуқуқро пешбинӣ намудааст, қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 14 декабри соли 1946, № 59 “Дар бораи даъвати конференсияи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои озодии иттилоот” ба шумор меравад
.
Дар санади мазкур омадааст, ки “озодии иттилоот ҳуқуқи асосии инсон буда, маҳаки ҳамаи намуди озодиҳо ба шумор меравад”.
Тибқи он озодии иттилоот ҳуқуқи дар ҳама ҷо ва бемонеа ҷамъоварӣ, ба дигар кас додан ва паҳн намудани иттилотро дар бар мегирад.
Ҳуқуқ ба дастрасӣ ин ҳуқуқи ҳар шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ба имконияти дархост намудани иттилоот аз мақомоти давлатӣ бе вазифадории асосноккунии ҳуқуқии манфиати худ ба он (иттилоот) мебошад.
Ҳуқуқ ба иттилоот муқаррар менамояд, ки мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки иттилоотро ифшо намоянд ва ҳар аъзои ҷомеа мутаносибан ҳуқуқ дорад, ки чунин иттилоотро ба даст орад. Тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ ҳуқуқи ба даст овардани иттилоотро ҳар шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ доро мебошад.
Таҳти мафҳуми “иттилоот” маълумот дар бораи шахс, ашё, факту ҳодисаҳо, зуҳурот, равандҳо ва мулоҳизаҳо доир ба онҳо, сарфи назар аз шаклҳои манзур гардидаашон фаҳмида мешавад.
Тибқи муқаррароти Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон (аз 10 декабри соли 1948) ҳар инсон ба озодии ақида ва озодона баёни намудани он ҳақ дорад; ин ҳуқуқ озодии бемамониат нигоҳ доштани ақидаи худ, бо ҳар восита ва сарфи назар аз ҳудудҳои давлатӣ, ҷустуҷў, дастрасу интишор намудани маълумоту андешаро дар бар мегирад (моддаи 19).
Банди 2 моддаи 19 Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешбинӣ менамояд, ки: “ҳар як инсон ба изҳори мустақилонаи ақидаи худ ҳуқуқ дорад; ин ҳуқуқ озодии ҷустуҷў кардан, ба даст овардан ва паҳн намудани ҳама гуна маълумот (иттилоот) ва андешаро, сарфи назар аз ҳудудҳои давлатӣ, шифоҳӣ, хаттӣ ё тавассути матбуот ё шаклҳои бадеӣ ё дигар воситаҳои изҳори онҳоро бо интихоби худ дар бар мегирад”.
Аз санадҳои зикргардида бармеоянд, ки ҳуқуқи озодона баён намудани ақида ҳуқуқи ҷустуҷўи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани он, паҳн намудани иттилоотро дар бар мегирад.
Бояд қайд кард, ки ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилооте, ки дар банди 2 моддаи 19 Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешбинӣ шудааст, ба иттилооте дахл дорад, ки дар ихтиёри мақомоти давлатӣ аст. Ба чунин иттилоот қайдҳо дар мақомоти давлатӣ новобаста аз шакли нигоҳдории онҳо, сарчашма ва санаи бақайдгирии онҳо мансубанд.
Кумита оид ба ҳуқуқи инсони СММ дар Мулоҳизоти тартиби умумии №34 аз соли 2011 вобаста ба озодии ақида ва ибрози он қайд менамояд, ки таҳти мафҳуми “мақомоти давлатӣ”, ки дар банди 2 моддаи 19 омадааст, мақомоти ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ (иҷроия, қонунгузорӣ ва судӣ) ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатии сатҳи гуногун ва дар баъзе ҳолатҳо мақомоти ѓайридавлатӣ фаҳмида мешавад.
Аз ин нуқтаи назар ҳуқуқи дасрасӣ ба иттилоот бояд сохторҳои хусусиеро ҳам фаро гирад, ки функсияи давлатӣ ва ҷамъиятиро иҷро менамоянд ё ваколатдор шудаанд, ки қарорҳои дорои манфиати ҷамъиятӣ қабул намоянд ё маблаѓҳои давлатиро сарф менамоянд.
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди корупсия дар моддаи 13 талаб менамояд, ки давлатҳо барои таъмини дастрасии самараноки иттилоот барои аҳолӣ чораҳои дахлдор андешанд.
Аз санадҳои зикргардида бармеоянд, ки давлатҳои иштирокчии Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ бо мақсади амалишавии самараноки ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот бояд дастрасии васеъро ба иттилооти ҳукуматӣ, ки дорои манфиати ҷамъиятӣ мебошанд, ҳамчунин дастрасии осон, зуд, самаранок ва амалии онро таъмин намоянд ва дар сурати рад намудани пешниҳоди иттилоот онро асоснок намоянд.
Бояд қайд кард, ки ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, ба мисли ҳуқуқ ба озодии ақида ва ибрози озодонаи он ҳуқуқи мутлақ набуда, мумкин аст маҳдуд карда шавад.
Чунончи, банди 3 моддаи 19 Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешбинӣ менамояд, ки маҳдудкунӣ бояд тавассути қонун муқаррар карда шаванд ва барои мақсадҳои зерин зарур мебошанд:
a) барои эҳтироми ҳуқуқ ва эътибори шахсони дигар;
b) барои ҳимояи амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ё саломатӣ ва ахлоқи аҳолӣ.
Маҳдудкунӣ дар ҳолатҳои истисноӣ бо риояи шарту шароити пешбининамудаи банди 3 моддаи 19 Паймони зикргардида: яъне “бояд тавассути қонун муқаррар карда шаванд” ва маҳдудкунӣ бо асосҳои пешбининамудаи зербандҳои а) ва b) банди 3 муқаррар карда шаванд ва бояд ба талаботи зарурат ва мутаносибӣ қатъӣ ҷавобгў бошанд.
Бо мақсади таъмини рушди устувор ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ муҳайё шудаанд.
Моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат додааст.
Меъёрҳои конститутсионии ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот рушди минбаъдаи худро дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”, “Дар бораи иттилоотонӣ”, “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”, “Дар бораи ҳифзи иттилоот», “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ёфта, механизмҳои амалишавии ин меъёрҳо таъмин шудаанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот” ҳуқуқи ҳар шаҳрвандро ба ҷўстуҷўи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани он аз мақомоту ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо, ки ин иттилоотро қонунан дороянд, пешбинӣ намудааст.
Қонунгузорӣ дар умум ѓояҳои асосии дастрасӣ ба иттилоотро кафолат дода, тибқи онҳо ҳар шаҳрванд барои дастрас намудани иттилоот ва паҳн намудани он ҳуқуқ дорад. Мақомоту ташкилотҳо вазифадор шудаанд, ки иттилооти дархостшавандаро пешниҳод намоянд.
Бо мақсади ба пуррагӣ қонеъ намудани эҳтиёҷоти шаҳрвандон ба иттилооти аҳамияти иҷтимоӣ дошта мувофиқи мақсад аст, ки дар ҳар мақомоти давлатӣ тартиби дасрасӣ ба иттилоот дар бораи фаъолияти он муайян карда шуда, омори муроҷиатҳо оид ба дархост дар бораи пешниҳоди иттилоот дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ бурда шавад.
Ҳамчунин, зарур аст, ки ҳангоми маҳдуд намудани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот талаботи меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ қаътӣ ба роҳбарӣ гирифта шаванд.
Маколаи мазкур аз сомонаи http://ombudsman.tj/ гирифта шудааст
Шарҳи худро гузоред