Лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон»
бо дастгирии Фонди Демократии СММ (ФДСММ)
Хучанд 20 марти 2023 с.
Ассотсиатсияи «Машваратчиёни ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (APART) дар хамкорӣ бо Ваколатдор оид ба Ҳуқуқи Инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Ҷамъиятии «Ташаббусҳои рушди деҳот» дар доираи лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон», ки ҳадафи лоиҳаи мазкур барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии намояндагони ВАО равона карда шудааст. Ток-шоу дар мавзӯи «Озодии ВАО –кафолати рушди ҷомеа», ки ҳоло барои пахши он таҳрир карда мешавад, омода шудааст.
Ин ток-шоу масъалаҳои мубрами рӯзро дар бар мегирад, аз қабили нақш ва мавқеи расонаҳо дар рушди ҷомеа; роҳҳои ҳалли мушкилоти дастрасии намояндагони ВАО ба иттилоот; оё шабакаҳои иҷтимоӣ ба рушди ҷомеа мусоидат карда метавонанд, оё дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ барои паҳн кардани маълумоти бардуруг дар интернет, бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст; дараҷаи иҷро ва риояи санадҳои қонунгузории қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти ВАО чӣ гуна аст.
Маълумоти муфассалро метавонед аз сомонаи www.apart.tj дастрас намоед.
Маълумот барои тамос:
Абдурасулова Мухаррам – мушовири лоиҳа
Суроға: шаҳри Хуҷанд, кӯчаи К.Хуҷандӣ 185, утоқи №6.
Тел: +992 92 775 57 55;
Факс: 83422 6 – 09 – 03;
E-mail: info@apart.tj
Сомона: www.apart.tj
Шарҳи худро гузоред