Ташкилоти ҷамъиятии «Машваратчиёни ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба татбиқи лоиҳаи «Мусоидат ба амнияти рақамии созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» шурӯъ кард. Лоиҳаи мазкур дар ҳамкорӣ бо CIVICUS: Эътилофи глобалии иштироки шаҳрвандон амалӣ карда мешавад ва қисми Ташаббуси Демократияи рақамӣ (DDI) ва лоиҳаи глобалӣ мебошад, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Дания (ВКД) ва Иттиҳоди Аврупо якҷоя маблағгузорӣ карда мешавад.
Ҳадафи лоиҳа: мусоидат барои баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқӣ, саводнокии ВАО ва гигиенаи рақамӣ дар байни фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Дар доираи лоиҳа гузаронидани тренингҳо оид ба «Такмили саводнокии ҳуқуқӣ, саводнокии ВАО ва омӯзиши гигиенаи рақамӣ дар байни ҳомиёни ҳуқуқи башар, намояндагони ВАО ва блогерҳо дар назар аст. Инчунин наворбардорӣ ва пахши ток-шоу ва сабти радио-барнома, чоп ва паҳни маълумотҳои иттилооти байни иштирокчиёни лоиҳа дар назар аст.
Барои гирифтани маълумоти иловаги ба мутахассиси иттилооти ташкилот – Абдурасулова Мухаррам мурочиат кунед
Телефон барои маълумот: 927755755
e-mail: info@apart.tj
web-site: www.apart.tj
Шарҳи худро гузоред