Лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон»
бо дастгирии Фонди Демократии СММ (ФДСММ)
Хучанд 20 марти 2023 с.
Ассотсиатсияи «Машваратчиёни ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (APART) дар хамкорӣ бо Ваколатдор оид ба Ҳуқуқи Инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Ҷамъиятии «Ташаббусҳои рушди деҳот» дар доираи лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон», ки ҳадафи лоиҳаи мазкур барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии намояндагони ВАО равона карда шудааст. Ток-шоу дар мавзӯи «Ҷавобгарӣ барои паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ дар ВАО ва Интернет», ки ҳоло барои пахши он таҳрир карда мешавад, омода шудааст.
Ток-шоу-и мазкур масъалаҳои мубрами рӯзро дар бар мегирад, аз қабили санадҳои қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти ВАО ва Интернет (шабакаҳои иҷтимоӣ); оё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни алоҳида дар бораи Интернет қабул шудааст ё не; барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар ВАО ва Интернет, бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ гуна ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст; бештар аз ҷониби кӣ ва дар кадом ҳолатҳо хабари бардурӯғ паҳн мешавад, инчунин ба корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ маслиҳати ҳуқуқӣ дода мешавад.
Маълумоти муфассалро метавонед аз сомонаи www.apart.tj дастрас намоед.
Маълумот барои тамос:
Абдурасулова Мухаррам – мушовири лоиҳа
Суроға: шаҳри Хуҷанд, кӯчаи К.Хуҷандӣ 185, утоқи №6.
Тел: +992 92 775 57 55;
Факс: 83422 6 – 09 – 03;
E-mail: info@apart.tj
Сомона: www.apart.tj
Шарҳи худро гузоред