• Лоиҳаи “Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон”
  • +992 92 775 5755
  • apart.tj@gmail.com
Ассотсиатсияи машваратчиёни хуқукии ҶТ
  • Асосӣ
  • Дар бораи мо
    • Дар бораи мо
    • Тими лоиха
    • Шарикон
  • Лента
  • Чорабиниҳо
    • Ахбор
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Бойгонии аксхо
  • Тамос
  • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
    • Тоҷикӣ

Дар Суғд қабули маводҳо барои озмуни “Қалами эҷодкунанда” оғоз гардид

  • 04.10.2021
  • admin
  • 258 Views
  • 0 Likes

Аз 1 октябр қабули маводҳо барои озмуни вилоятии “Қалами эҷодкунанда” оғоз гардид.

Озмуни  “Қалами эҷодкунанда” ҳамасола бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд байни рӯзноманигорон  гузаронида мешавад.

Соли ҷорӣ озмун ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст,ки қарори баргузории озмун барои рӯзноманигорон аз ҷониби раиси вилояти Суғд 21 июни соли 2021 ба имзо расида буд.

Баргузории озмуни вилоятӣ барои рӯзноманигорони вилояти Суғд  ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар дастурамали озмун номинатсияи махсус “Инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷой дода шудааст. Ғайр аз ин як қатор номинатсияи дигар, ба мисоли “Масъалаҳои соҳаи саноат”, “Масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ”, инчунин ба воситаи телевизион  пахш намудани барномаи “Дастовардҳои 30 – соли Истиқлолият” пешкаш гардидаанд, хабар медиҳад мутахассиси Маркази хадамоти матбуотии вилоят Андар Рахмони.

Ҷоиз ба зикр аст, ки озмуни рӯзноманигории “Қалами эҷодкунанда” аз соли 2014 инҷониб баргузор мешавад. Ягона истисно ин соли 2020 – хурӯҷи бемории COVID – 19 буд.

Бо назардошти дастурамали озмун қабули маводҳо то 20 октябр давом хоҳад кард. Фонди умумии мукофотӣ 132 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Маълумот аз сомонаи www.nansmit.tj гирифта шудааст.

ВАОозмун
Барои инъикоси иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД барои намояндагони ВАО шароити муосир фароҳам гардидааст
Панҷ масъалаҳои иҷтимоӣ ба ҳуқуқшинос дар бораи дастрасӣ ба иттилоот ва маълумоти шахсӣ
Related Posts
  • Тақвимхои деворӣ ва буклетхои маълумотӣ омода карда шуданд, ки ба фаъолияти ВАО бахшида шудаанд 20.05.2021
  • Ташкили телефонҳои боварӣ барои расонадани машварати ҳуқуқӣ ба ВАО 05.04.2021
  • Оғози амалисозии лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон» 01.04.2021

Шарҳи худро гузоред Cancel Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ҳуқуқи муаллифӣ

Сомонаи мазкур бо дастгирии Фонди Демократии СММ (ФДСММ) таҳия карда шудааст. Мундариҷаи сомона мавзуи масъулияти Ассотсиатсияи машваратчиёни ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва нуқтаи назари ФДСММ-ро инъикос намекунанд.

Ахбори тоза

  • ТОК-ШОУ: “ТАЪМИНИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ”
  • ПОДКАСТ: ПАХШИ БАРНОМАИ РАДИО ДАР РАДИО “ВАТАН”
  • ВАРАКАИ МАТБУОТИ: ПАХШИ РАДИО БАРНОМАИ НАВБАТИ
  • КОНФРОНС
  • ТОК-ШОУ: ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СИРРИ ДАВЛАТИ»

Мавзуъҳои мубрам

ВАО Душанбе Кӯлоб Суғд Хатлон Хуҷанд амалишавӣ буклет дастрасӣ ба иттилоот журналист лоиҳа машварат оғоз тақвим телефони боварӣ шаҳрванд ҳуқуқ
Ташриф: 431 Имрӯз: 1 Ҳамагӣ: 272355