• Лоиҳаи “Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон”
  • +992 92 775 5755
  • apart.tj@gmail.com
Ассотсиатсияи машваратчиёни хуқукии ҶТ
  • Асосӣ
  • Дар бораи мо
    • Дар бораи мо
    • Тими лоиха
    • Шарикон
  • Лента
  • Чорабиниҳо
    • Ахбор
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Бойгонии аксхо
  • Тамос
  • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
    • Тоҷикӣ

Барои инъикоси иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД барои намояндагони ВАО шароити муосир фароҳам гардидааст

  • 24.09.2021
  • admin
  • 283 Views
  • 0 Likes

Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маркази матбуоти Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таъсис ёфтааст. Интизор меравад, ки дар ҷаласаҳои ин созмони бонуфуз, ки бо иштироки бевоситаи сарони кишварҳо, созмонҳо ва намояндагони ташкилоти байналмилалӣ баргузор мешавад, муҳимтарин мавзуъҳои минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасии амиқ қарор гиранд.

Ҷиҳати инъикоси чорабинии муҳими сиёсӣ беш аз  500 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилу хориҷ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд. Барои хабарнигорон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шароити замонавӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар толорҳои махсуси китобхона беш аз 500 компютер, принтер ва дигар дастгоҳҳои муосир ҷиҳати сабту коркард гузошта  шудаанд. Ҷараёни ҷаласаҳо мустақиман тавассути маниторҳои бузург, ки дар толорҳои Китобхонаи миллӣ гузошта шудаанд, ба журналистон  намоиш дода мешавад ва хабарнигорон имкон доранд иттилои заруриро дарёфт ва ба ҷомеаи ҷаҳон паҳн намоянд.

Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР, компютерҳои замонавие, ки ҷиҳати инъикоси ҷараёни ҷаласаҳои чорабинӣ ба намояндагони воситаҳои ахбораи омма дастрас шудаанд, аз интернети баландсуръат бархурдор мебошанд. Ҳамзамон се монитори бузург, ки рафти ҷаласаҳоро ба таври кушод намоиш медиҳнад, кори намояндагони воситаҳои ахбори оммаро осон мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Кишвари мо сиёсати дохиливу хориҷиашро дар асоси манфиатҳои миллӣ ба роҳ монда, инчунин аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардидааст. Яке аз чунин созмонҳо Созмони Аҳдномаи  амнияти дастҷамъӣ /СААД/ мебошад, ки соли равон Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбон ва раёсати онро бар уҳда дорад.  Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иттиҳоди ҳарбию сиёсиест, ки кишварҳои собиқ шӯравӣ дар заминаи Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ таъсис додаанд. Оинномаи СААД аз ҷониби Шӯрои Амнияти Дастҷамъӣ дар Кишинёв 7 октябри соли 2002 имзо шуда, 18 сентябри соли 2003 эътибор пайдо кард.

Дар вазъи имрӯзаи байналмилалӣ мавҷудияти СААД омили муҳими субот ва амнияти сарҳадоти давлатҳои аъзо мебошад. Фаъолияти доимӣ дар чаҳорчӯби СААД имкон медиҳад, ки робитаҳои байнидавлатии ҳарбию сиёсӣ ҷиҳати ташаккули низоми воқеан самараноки амнияти дастҷамъӣ ба сатҳи сифатан нав бардошта шавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои иштироки худ дар фаъолияти СААД аҳамияти афзалиятнок медиҳад.

Ҳамкорӣ дар доираи ин Созмон ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст ва имкон медиҳад, ки бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ба хотири таъмини амният ва субот дар тамоми минтақаи Аврупо ва Осиё ва инчунин ҳимояи тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлатҳои аъзо фаъолона тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои фаъол намудани раванди ҳамгароии ҳарбию сиёсии давлатҳои аъзо ва ҳамоҳангсозии иқтидори онҳо, такмили соҳаи сиёсати ҳарбӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкории ҳарбию техникии давлатҳои аъзоро аз вазифаҳои наздиктарин ва муҳимтарини Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ меҳисобад.

Маълумот аз сайти www.NANSMIT.TJ гирифта шудааст

ВАОҳукукҳои рӯзноманигорон
ПОДКАСТ: ЖУРНАЛИСТОН ВА ҲУҚУҚИ ОНҲО БА ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ
Дар Суғд қабули маводҳо барои озмуни “Қалами эҷодкунанда” оғоз гардид
Related Posts
  • Тақвимхои деворӣ ва буклетхои маълумотӣ омода карда шуданд, ки ба фаъолияти ВАО бахшида шудаанд 20.05.2021
  • Ташкили телефонҳои боварӣ барои расонадани машварати ҳуқуқӣ ба ВАО 05.04.2021
  • Оғози амалисозии лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон» 01.04.2021

Шарҳи худро гузоред Cancel Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ҳуқуқи муаллифӣ

Сомонаи мазкур бо дастгирии Фонди Демократии СММ (ФДСММ) таҳия карда шудааст. Мундариҷаи сомона мавзуи масъулияти Ассотсиатсияи машваратчиёни ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва нуқтаи назари ФДСММ-ро инъикос намекунанд.

Ахбори тоза

  • ТОК-ШОУ: “ТАЪМИНИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ”
  • ПОДКАСТ: ПАХШИ БАРНОМАИ РАДИО ДАР РАДИО “ВАТАН”
  • ВАРАКАИ МАТБУОТИ: ПАХШИ РАДИО БАРНОМАИ НАВБАТИ
  • КОНФРОНС
  • ТОК-ШОУ: ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СИРРИ ДАВЛАТИ»

Мавзуъҳои мубрам

ВАО Душанбе Кӯлоб Суғд Хатлон Хуҷанд амалишавӣ буклет дастрасӣ ба иттилоот журналист лоиҳа машварат оғоз тақвим телефони боварӣ шаҳрванд ҳуқуқ
Ташриф: 497 Имрӯз: 2 Ҳамагӣ: 273810