Ташкилоти чамъиятии "Машваратчиёни хукукии Чумхурии Точикистон"
  • Асосӣ
  • Дар бораи мо
    • Дар бораи мо
    • Тими лоиха
    • Шарикон
  • Лента
  • Чорабиниҳо
    • Ахбор
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Бойгонии аксхо
  • Тамос
  • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
    • Тоҷикӣ

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «НАҚШИ ДАВЛАТ, ҶОМЕА ВА ВАО ДАР ПЕШГИРӢ ВА МУБОРИЗА БО ШИКАНҶА»

  • 21.06.2024
  • admin
  • 327 Views
  • 0 Likes

Санаи 20 июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Ташкилоти Ҷамъиятии «Машваратчиени ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ширкати телевизион ва радиои «АЗИЯ» мизи мудаввар дар мавзуи «Нақши давлат, ҷомеа ва ВАО дар пешгирӣ ва мубориза бо шиканҷа» сабт гардид. Ёдовар мешавем, ки ин ташаббус дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Машваратчиени халки зидди шиканча!», ки бо дастгирии молиявии «Шарикии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон – IPHR» амалӣ мегардад, имконпазир гардид. Чорабинии мазкур бахшида ба «Рузи байналмилалӣ алайҳи шиканҷа», ки ба 26 июн рост меояд, ташкил ва гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур Роҳбари НВҲИ Суғд – Ҳамидова Х, мутахассиси пешбари НВҲИ Суғд – Мамадҷонова М., муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд – Самадзода И.А., мутахассиси шубаи Раёсати адлияи Суғд – Исозода Н., сардори шубаи суди гарнизони вилояти Суғд – Холзода М.Ш., муовини сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғд – Ҷамилзода Ф.М., муфаттиши ШТ РВКД – Маҳмадов У.А., судяи суди вилояти Суғд – Аҳмадзода Ф., Адвокати коллегияи адвокатҳои вилояти Суғд – Фаррух Абдулло,  машваратчиени халқии суди вилояти Суғд,  намояндагони ташкилоти ҷамъиятии «Дунеи ҳуқуқ» ва «Машваратчиени ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аъзои «Эътилофи зидди шиканҷа» мебошанд, иштирок намуданд.

Дар доираи чорабинӣ суолҳои зерин баррасӣ карда шуданд:

– Шиканҷа чист? Кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ шиканҷаро ҷиноят эътироф мекунад? Дар бораи мисолҳои воқеии шиканҷа ва ҷазоҳои татбиқшуда маълумот пешниҳод намоед. Шахсоне, ки нисбаташон шиканҷа Карор дода шудааст, чӣ тавр метавонанд дар бораи ҳодисаи рухдода хабар диҳанд? ва чанд суолҳои дигар.

Дар қисми ҷамъбастии чорабинӣ иштирокчиен ба хулоса омаданд, ки натанҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, балки барои баланд бардоштани дараҷаи муълумотнокии кормандони сохторҳои гуногун оиди ҷавобгарӣ барои вайрон намудани ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд бояд мунтазам дар ҳамҷоягӣ корбарӣ намуд. Дар ин нуқта чорабинӣ чамбаст гардид.

ВАОлоиҳамашваратчиёни хукукиток-шоухукукшиканча
ВАРАКАИ МАТБУОТИ
ТРЕНИНГ БАРОИ МАШВАРАТЧИЁНИ ХАЛКИИ ВИЛОЯТИ СУГД
Related Posts
  • ВАРАКАИ МАТБУОТИ 23.08.2024
  • ТОК-ШОУ «НАҚШИ ДАВЛАТ, ҶОМЕА ВА ВАО ДАР ПЕШГИРӢ ВА МУБОРИЗА БО ШИКАНҶА» 23.07.2024
  • ТРЕНИНГ БАРОИ МАШВАРАТЧИЁНИ ХАЛКИИ ВИЛОЯТИ СУГД 19.07.2024

Шарҳи худро гузоред Cancel Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ҳуқуқи муаллифӣ

Сомонаи мазкур бо дастгирии Фонди Демократии СММ (ФДСММ) таҳия карда шудааст. Мундариҷаи сомона мавзуи масъулияти Ташкилоти чамъиятии “Машваратчиёни хукукии Чумхурии Точикистон” мебошад ва нуқтаи назари ФДСММ-ро инъикос намекунанд.

Ахбори тоза

  • БРОШЮРА “РОХНАМО БАРОИ МУХОЧИРОНИ МЕХНАТИ”
  • ЗАМИМАИ МОДУЛ ХАМЧУН МАВОДИ ТАКСИМОТИ БАРОИ МУХОЧИРОНИ МЕХНАТИ
  • СТРАТЕГИЯИ ТАНЗИМИ РАВАНДҲОИ МУҲОҶИРАТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2040
  • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҲОҶИРАТ
  • КОНВЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИ ОИД БА ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ҲАМАИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТИ ВА АЪЗОИ ОИЛАИ ОНҲО

Мавзуъҳои мубрам

ВАО Душанбе КОНУНИ ЧТ Кӯлоб МУХОЧИРОН Суғд Тачрибаомузи Хатлон Хуҷанд амалишавӣ амнияти раками брошюра буклет варакаи матбуоти дастрасӣ ба иттилоот журналист конвенсия лоиҳа машварат машваратчиёни халки машваратчиёни хукуки машвартчиени хукуки модул мухочир мухочират мухочирати бехатар мухочирати мехнати мухочирони мехнати огози лоиха оғоз подкаст радио-барнома тақвим телефони боварӣ ток-шоу тренинг хомиёни хукук хукук хукуки мухочир хучанд чомеаи шахрванди шаҳрванд шиканча эълон ҳуқуқ