27 марти соли 2023 дар утоки кории АПАРТ вохӯрии иҷрокунандагони лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон» ва Микико Саваниши -муовини директори иҷроияи Барномаҳои Фонди Демократии СММ баргузор гардид. Дар барномаи вохӯрӣ ва боздид аз офис ва шиносоӣ бо гурӯҳи кормандони Телевизион ва Радиои «АЗИЯ» – шарики иттилоотии лоиҳа; боздид ва шиносоӣ бо Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд; боздид ва мониторинги фаъолияти APART дар тамоми давраи лоиҳа баргузор гардид.
Вохурӣ хеле шавқовар ва пурмазмун гузашт. Иштироккунандагони вохӯрӣ аз хамкорй, натичахои ба даст овардашуда ва сифати кори анҷомёфта каноатманд буданд.
Мо аз номи дастаи APART ба UNDEF барои эътимод ва дастгирии иттилоотӣ ва касбӣ ҳангоми татбиқи лоиҳа изҳори сипос мекунем.
Дар расм:
Директори иҷроияи APART – Нурулло Ҳамидов (аз чап), Намояндаи UNDEF – Микико Саваниши (дар мобайн), директори генералии Телевизион ва Радиои «АЗИЯ» – Аъзам Акбаров (аз рост).
Шарҳи худро гузоред