Дар доираи лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилооти ва хукуки ба намояндагони ВАО тавассути ислохоти хукуки дар Точикистон» тренинги навбатии омузиши барои ҳуқуқшиносон/ҳомиёни ҳуқуқи башар оид ба омода намудани ҳуқуқшиносони тахассусии ояндаи ВАО, ки ҳадафи онхо барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои намояндагони ВАО дар Тоҷикистон равона карда шудааст. Дар ин тренинг 20 нафар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносон, ҳомиёни ҳуқуқ, намояндагони фаъоли ВАО иштирок намуданд. Ба ғайр аз ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва механизмҳои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ВАО, дар барномаи омузиши масъалаҳои таъмини амнияти рақамии ВАО илова карда шуда, омухта шуд.
Шарҳи худро гузоред