Ташкилоти чамъиятии "Машваратчиёни хукукии Чумхурии Точикистон"
  • Асосӣ
  • Дар бораи мо
    • Дар бораи мо
    • Тими лоиха
    • Шарикон
  • Лента
  • Чорабиниҳо
    • Ахбор
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Бойгонии аксхо
  • Тамос
  • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
    • Тоҷикӣ

Муассиси рӯзномаи «Соҳил» Илҳом Мадализода дар вилояти Суғд аз олам даргузашт

  • 17.03.2022
  • admin
  • 834 Views
  • 0 Likes

14 марти соли 2022 Мадализода Илҳом Раҳим дар синни 62-солагӣ дар шаҳри Гулистон аз олам даргузашт.

Мадализода Илҳом Раҳим 1 сентябри соли 1960 дар деҳаи Адрасмони шаҳри Гулистон таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи №7-ро хатм кардааст. Соли 1978 ба факултети таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров) дохил шуд. Соли 1982 донишгоҳро бо баҳои аъло хатм кардааст.

Солҳои 1982-1984 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР  адои хизмат  кардааст. Солҳои 1984-1992 дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 5, 7, 8-и шаҳракҳои Адрасмон ва Сирдарё ба ҳайси омӯзгор  кор ва фаъолият бурдааст. Моҳи майи соли 1992 котиби Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқии шаҳри Қайроққум интихоб шуда, то моҳи январи соли 1995 дар ин вазифа кор кардааст. Солҳои 1995-1998 муовини директори телевизиони «Темурмалик» буд. Солҳои 90-ум бо роҳбарии ӯ нашрияҳои «Ганҷбахш», «Суғдиён-медикор-777» ва «Барқчӣ» ба табъ расидаанд.

11 марти соли 1988 бо ташаббуси Илҳом Мадализода дар шаҳри Қайроққум нахустин рӯзномаи расмии «Соҳил» таъсис ёфт. То моҳи апрели соли 2012 сардабири ин рӯзнома буд. Сипас ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон рафта, дар ин ҷо мудири шӯъбаи корҳои диниро ба зимма дошт. Сипас муовини сармуҳаррир ва котиби масъули рӯзномаи «Сухани халқ», сармуҳаррири рӯзномаи «Маъданшинос»-и Донишгоҳи кӯҳӣ ва металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон таъин гардид. Аз соли 2015 инҷониб масъули шуъбаи робита бо ҷомеаи Ҳукумати шаҳри Гулистон мебошад.

Илҳом Мадализода муаллифи як қатор маҷмӯаҳо бо номи «Ашки шабнам» (2000), «Ватанам – Тоҷикистон» (2003), «Садои Мусофирӣ» (2010) ва маҷмӯаи ҳикояву тарҷумаҳои «Кашфиёт» (2014) буд. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон низ буд.

Маълумот аз сомонаи https://sugdnews.com/2022/03/14/v-sogde-skonchalsja-osnovatel-gazety-sohil-ilhom-madalizoda/ гирифта шудааст.

ВАО
Рӯзи матбуоти тоҷик дар вилояти Суғд бо тантана таҷлил мешавад
Хабарнигорони вилояти Сирдарё ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Related Posts
  • Тақвимхои деворӣ ва буклетхои маълумотӣ омода карда шуданд, ки ба фаъолияти ВАО бахшида шудаанд 20.05.2021
  • Ташкили телефонҳои боварӣ барои расонадани машварати ҳуқуқӣ ба ВАО 05.04.2021
  • Оғози амалисозии лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон» 01.04.2021

Шарҳи худро гузоред Cancel Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ҳуқуқи муаллифӣ

Сомонаи мазкур бо дастгирии Фонди Демократии СММ (ФДСММ) таҳия карда шудааст. Мундариҷаи сомона мавзуи масъулияти Ташкилоти чамъиятии “Машваратчиёни хукукии Чумхурии Точикистон” мебошад ва нуқтаи назари ФДСММ-ро инъикос намекунанд.

Ахбори тоза

  • БРОШЮРА “РОХНАМО БАРОИ МУХОЧИРОНИ МЕХНАТИ”
  • ЗАМИМАИ МОДУЛ ХАМЧУН МАВОДИ ТАКСИМОТИ БАРОИ МУХОЧИРОНИ МЕХНАТИ
  • СТРАТЕГИЯИ ТАНЗИМИ РАВАНДҲОИ МУҲОҶИРАТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2040
  • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҲОҶИРАТ
  • КОНВЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИ ОИД БА ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ҲАМАИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТИ ВА АЪЗОИ ОИЛАИ ОНҲО

Мавзуъҳои мубрам

ВАО Душанбе КОНУНИ ЧТ Кӯлоб МУХОЧИРОН Суғд Тачрибаомузи Хатлон Хуҷанд амалишавӣ амнияти раками брошюра буклет варакаи матбуоти дастрасӣ ба иттилоот журналист конвенсия лоиҳа машварат машваратчиёни халки машваратчиёни хукуки машвартчиени хукуки модул мухочир мухочират мухочирати бехатар мухочирати мехнати мухочирони мехнати огози лоиха оғоз подкаст радио-барнома тақвим телефони боварӣ ток-шоу тренинг хомиёни хукук хукук хукуки мухочир хучанд чомеаи шахрванди шаҳрванд шиканча эълон ҳуқуқ