• Лоиҳаи “Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон”
  • +992 92 775 5755
  • apart.tj@gmail.com
Ассотсиатсияи машваратчиёни хуқукии ҶТ
  • Асосӣ
  • Дар бораи мо
    • Дар бораи мо
    • Тими лоиха
    • Шарикон
  • Лента
  • Чорабиниҳо
    • Ахбор
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Бойгонии аксхо
  • Тамос
  • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
    • Тоҷикӣ

Рӯзи матбуоти тоҷик дар вилояти Суғд бо тантана таҷлил мешавад

  • 10.03.2022
  • admin
  • 195 Views
  • 0 Likes

11 март дар вилояти Суғд Рӯзи матбуоти тоҷик бо тантана таҷлил мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Тибқи нақша –  чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ва 110-солагии нахустин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» вохӯрии рӯзноманигорони собиқадор бо донишҷӯёну мактаббачагон дар мавзӯи «Паёми Пешвои миллат – роҳнамои ҷомеа”, хабаргирии собиқадорон, мусобиқаҳои анъанавии шоҳмот, шаби хотираи рӯзноманигорони маъруф Усмонҷон Тоҷибоев ва Неъмат Шариф, конфронсҳои илмию амалӣ ва дигар чорабиниҳо баргузор хоҳанд гашт.

Ҳамчунин, дар чаҳорчӯби таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик озмун барои дарёфти Ҷоизаи рӯзноманигорони вилояти Суғд ба номи Хоҷа Содиқ баргузор мешавад. Имсол озмун бо дастгирии роҳбарияти вилоят аз рӯи ду номинатсия – матбуот ва WEB-журналистика ва телевизиону радио баргузор хоҳад шуд. Дар он рӯзноманигорони нашрияҳои чопӣ ва электронӣ, телевизион ва радио, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ки дар расонаҳои маҳаллӣ кор мекунанд ва ё намояндагӣ аз нашрияҳои марказию хориҷӣ дар минтақа ҳастанд, метавонанд ширкат варзанд.

Ғолибони озмун, ки бо 3000 сомонӣ ва диплом мукофотонида мешаванд, рӯзи 11 март муайян ва эълон карда мешаванд.

Маълумот аз сомонаи https://khovar.tj/rus/2022/03/v-sogdijskoj-oblasti-torzhestvenno-otmetyat-den-tadzhikskoj-pechati/ гирифта шудааст.

ПОДКАСТ: ЖУРНАЛИСТОН ВА ҲУҚУҚИ ОНҲО БА ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ
Муассиси рӯзномаи «Соҳил» Илҳом Мадализода дар вилояти Суғд аз олам даргузашт
Related Posts
  • Тақвимхои деворӣ ва буклетхои маълумотӣ омода карда шуданд, ки ба фаъолияти ВАО бахшида шудаанд 20.05.2021
  • Ташкили телефонҳои боварӣ барои расонадани машварати ҳуқуқӣ ба ВАО 05.04.2021
  • Оғози амалисозии лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон» 01.04.2021

Шарҳи худро гузоред Cancel Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ҳуқуқи муаллифӣ

Сомонаи мазкур бо дастгирии Фонди Демократии СММ (ФДСММ) таҳия карда шудааст. Мундариҷаи сомона мавзуи масъулияти Ассотсиатсияи машваратчиёни ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва нуқтаи назари ФДСММ-ро инъикос намекунанд.

Ахбори тоза

  • ТОК-ШОУ: “ТАЪМИНИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ”
  • ПОДКАСТ: ПАХШИ БАРНОМАИ РАДИО ДАР РАДИО “ВАТАН”
  • ВАРАКАИ МАТБУОТИ: ПАХШИ РАДИО БАРНОМАИ НАВБАТИ
  • КОНФРОНС
  • ТОК-ШОУ: ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СИРРИ ДАВЛАТИ»

Мавзуъҳои мубрам

ВАО Душанбе Кӯлоб Суғд Хатлон Хуҷанд амалишавӣ буклет дастрасӣ ба иттилоот журналист лоиҳа машварат оғоз тақвим телефони боварӣ шаҳрванд ҳуқуқ
Ташриф: 423 Имрӯз: 1 Ҳамагӣ: 272378