Лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон»
бо дастгирии Фонди Демократии СММ (ФДСММ)
Хуҷанд, Март, 2022
Ассотсиатсияи «Машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (APART) дар хамкорӣ бо Ваколатдор оид ба Ҳуқуқи Инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Ҷамъиятии «Ташаббусҳои рушди деҳот» дар доираи лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон», ки ҳадафи лоиҳаи мазкур барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии намояндагони ВАО равона карда шудааст, барои сабт ва пахши ояндаи чорумин барномаи телевизионӣ дар мавзӯи “ Журналист: ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо ” огоз намуд.
Барномаи зикргардида, масъалаҳои мубрами замони имрӯза аз қабили ҳуқуқ ва манфиатҳои намояндагони ВАО мутобиқи қонунгузории кишвар, ҳадди ваколатҳои онҳо ва ӯҳдадориҳои бо қонун муайяншудаи рӯзноманигоронро дарбар мегирад. Бояд зикр кард, ки барномаи мазкур дар доираи сарлавҳаи “Тамоми ҳақиқат оид ба фаъолияти ВАО” омода хоҳад гашт.
Маълумоти муфассалро метавонед, аз сомонаи www.apart.tj дастрас намоед.
Маълумот барои тамос:
Абдурасулова Муҳаррам – Мутахассиси иттилоотӣ
Суроға: шаҳри Хуҷанд, кӯчаи К.Хуҷандӣ 185, утоқи №6.
Тел: +992 92 775 57 55;
Факс: 83422 6 – 09 – 03;
E-mail: apart.tj@gmail.com;
Сомона: www.apart.tj
Шарҳи худро гузоред