• Лоиҳаи “Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон”
  • +992 92 775 5755
  • apart.tj@gmail.com
Ассотсиатсияи машваратчиёни хуқукии ҶТ
  • Асосӣ
  • Дар бораи мо
    • Дар бораи мо
    • Тими лоиха
    • Шарикон
  • Лента
  • Чорабиниҳо
    • Ахбор
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Бойгонии аксхо
  • Тамос
  • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
    • Тоҷикӣ

Эълон: Тренинги “Медиа – ҳуқуқшиносон оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои ВАО ” дар ш.Хучанд

  • 24.02.2022
  • admin
  • 239 Views
  • 0 Likes

Ассотсиатсияи «Машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон»,ки бо дастгирии Фонди  Демократии СММ (ФДСММ) амалӣ гашта истодааст, барои ҳуқуқшиносон ва адвокатҳои ҷавон санаҳои 15,16 ва 17-уми феврали соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд тренинги серӯза дар мавзӯи «Медиа – ҳуқуқшиносон барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои намояндагони ВАО» баргузор намуд.    

Ҳадаф аз баргузории ин тренинг дар омӯзонидани Медиа – ҳуқуқшиносон – ҳомиёни тахассусии ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои намояндагони ВАО дар Тоҷикистон мебошад. Дар тренинг 20 нафар ҳуқуқшиносон/адвокатҳо аз вилояти Суғд иштирок намуданд.

Дар ин тренинг Коршиносони пуртаҷрибаи соҳаи худ ба ҳайси тренерон – раиси мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Саидов Садриддин ва рӯзноманигор, медиа – тренер Марупов Ҷамшед баромад намуданд.

Дар тренинги серӯза масъалаҳои доғи рӯз, аз  қабили ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ВАО дар қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ, диффаматсия, намуд ва чораҳои ҷавобгарии он, озодии баён, сензура ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баррасӣ гардиданд. Илова бар машғулиятҳои назариявӣ, дар рафти тренинг корҳои зиёди дастаҷамъона гузаронида шуданд, ки дар он иштирокчиён оид ба ҳалли қазияҳои воқеӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои ВАО дар Тоҷикистон корбарӣ намуданд.

Инчунин дар рафти тренинг ба таъмини амнияти рақамии ҳуқуқшиносони ВАО, ки дар ҷараёни кори имрӯза муҳим аст, таваҷҷӯҳи хоса  зоҳир гардид. Бояд гуфт, ки бисёр мавзӯъхо барои иштироккунандагон нав буданд ва онҳо ба суханони тренерон диққати хосаро зоҳир менамуданд.

Барои ҳар як ҷаласаи тренинг ташкилкунандагон барои таҳлили муфассали таъсир ва сатҳи дарки маводи таълимӣ ба иштирокчиён “Пре” – тестҳо ва “Пост” – тестҳо омода карданд.

Умуман, тренинг дар дараҷаи хуби ташкилӣ гузаронида шуд, ки   баромадҳои мусбии иштироккунандагон дар ҷамъбасти тренинг гувоҳи бевоситаи он аст.

Аксҳои иловагӣ дар бахши “Бойгонии аксҳо” ҷойгир карда шудаанд.
ҳукукҳои рӯзноманигорон
Мушкилоти интернети тоҷик дар чист?
ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ: ОМОДАИ БАРНОМАИ ТЕЛЕВИЗИОНИ
Related Posts
  • Тақвимхои деворӣ ва буклетхои маълумотӣ омода карда шуданд, ки ба фаъолияти ВАО бахшида шудаанд 20.05.2021
  • Ташкили телефонҳои боварӣ барои расонадани машварати ҳуқуқӣ ба ВАО 05.04.2021
  • Оғози амалисозии лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон» 01.04.2021

Шарҳи худро гузоред Cancel Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ҳуқуқи муаллифӣ

Сомонаи мазкур бо дастгирии Фонди Демократии СММ (ФДСММ) таҳия карда шудааст. Мундариҷаи сомона мавзуи масъулияти Ассотсиатсияи машваратчиёни ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва нуқтаи назари ФДСММ-ро инъикос намекунанд.

Ахбори тоза

  • ТОК-ШОУ: “ТАЪМИНИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ”
  • ПОДКАСТ: ПАХШИ БАРНОМАИ РАДИО ДАР РАДИО “ВАТАН”
  • ВАРАКАИ МАТБУОТИ: ПАХШИ РАДИО БАРНОМАИ НАВБАТИ
  • КОНФРОНС
  • ТОК-ШОУ: ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СИРРИ ДАВЛАТИ»

Мавзуъҳои мубрам

ВАО Душанбе Кӯлоб Суғд Хатлон Хуҷанд амалишавӣ буклет дастрасӣ ба иттилоот журналист лоиҳа машварат оғоз тақвим телефони боварӣ шаҳрванд ҳуқуқ
Ташриф: 727 Имрӯз: 2 Ҳамагӣ: 273823