• Лоиҳаи “Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон”
  • +992 92 775 5755
  • apart.tj@gmail.com
Ассотсиатсияи машваратчиёни хуқукии ҶТ
  • Асосӣ
  • Дар бораи мо
    • Дар бораи мо
    • Тими лоиха
    • Шарикон
  • Лента
  • Чорабиниҳо
    • Ахбор
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Бойгонии аксхо
  • Тамос
  • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
    • Тоҷикӣ

Паёми муштарак бахшида ба  рӯзи байналмиллалии якдилии рӯзноманигорон

  • 10.09.2021
  • admin
  • 275 Views
  • 0 Likes

Ассотсиатсияи миллии ВАО -и мустақил дар Тоҷикистон (НАНСМИТ) ва Медиа Алянси Тоҷикистон (МАТ) рӯзноманигоронро  ба муносибати   рӯзи Байналмилалии якдилии рӯзноманигорон табрик намуда, рӯзноманигорони тамоми дунёро барои муттаҳидшавӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои худ даъват менамояд.

Рӯзноманигорӣ — сарҳадро эътироф намекунад. Дар фаъолияти рӯзноманигорӣ миллат, дин, нажод аҳамият надошта, дар он танҳо вафодориву садоқат ба касби худ мавҷуд  аст. Озодии сухан аз забони баён кардани ақида вобастагӣ надорад. Ростқавлӣ, мутлақият, дурустии иттилоот ин нишонаҳоест, ки рӯзноманигорони тамоми дунёро муттаҳид мекунанд.

Имрӯзҳо ба рӯзноманигорони тоҷик якдилӣ хеле муҳим буда, он набояд аз шакли ВАО вобастагӣ дошта бошад. Ибораи “як шахс дар майдони ҷанг ҷанговар нест!” беҳуда набуда, аз фишори мансабдорон нисбати рӯзноманигорон маҳз якдилию ҳамбастагии онҳо кӯмак намуда, барои барқароршавии адолат  мусоидат мекунад.

Албатта мо аз ҳодисаҳои замони имрӯза бархурдр буда, изҳори нигаронӣ дорем.  Бо  баробари ба сари ҳокимият омадани “Толибон” (ташкилоти террористие, ки дар Тоҷикистон манъ шудааст), Афғонистон бо фалокати гуманитарӣ дучор шуд. Рӯзҳои охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ маълумотҳои бардурӯғ, қалбакӣ ва сохташуда роҷеъ ба вазъият дар Афғонистон ниҳоят зиёд шудаанд.

Бо вуҷуди ин мо якдилилии худро ба рӯзноманигорони Афғонистон баён намуда, иброз менамоем, ки онҳо бо фаъолияти худ ватандӯстиву вафодории худро нишон дода, ҳатто дар чунин вазъияти ҳассос вазифаи касбии худро ба ҷо меоваранд, ки ин амалҳо нишонаҳои беҳтарини рӯзноманигории ҳақиқист.

Рӯзноманигорон имрӯзҳо на танҳо  обрӯву эътибори худ, балки  ҷони худро зери хатар мемонанд, зеро ин вазифаи ҷонии онҳо мебошад. Чунин вафодориро имрӯзҳо маҳз аз ҷониби рӯзноманигорони Афғонистон пай мебарем, ки муборизаи онҳо баҳри озодии сухан нишонаи беҳтарини мардонагиву шуҷоат аст. Онҳо баҳри озодии  сухан ҷони худро фидо намоянд ҳам, обрӯву нуфузи рӯзноманигориро поймол нахоҳанд кард. Сари таъзим ба ин гуна шахсони нотарсу вафодор. Бо чунин шахсон тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ фахр мекунад!

      Иттилооти мазкур аз сомонаи www.nansmit.tj гирифта шудааст.

ВАОҳукукҳои рӯзноманигорон
ТОК-ШОУ
Лоиҳаи Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳокимаи ҷамъиятӣ пешниҳод шуд.
Related Posts
  • Тақвимхои деворӣ ва буклетхои маълумотӣ омода карда шуданд, ки ба фаъолияти ВАО бахшида шудаанд 20.05.2021
  • Ташкили телефонҳои боварӣ барои расонадани машварати ҳуқуқӣ ба ВАО 05.04.2021
  • Оғози амалисозии лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон» 01.04.2021

Шарҳи худро гузоред Cancel Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ҳуқуқи муаллифӣ

Сомонаи мазкур бо дастгирии Фонди Демократии СММ (ФДСММ) таҳия карда шудааст. Мундариҷаи сомона мавзуи масъулияти Ассотсиатсияи машваратчиёни ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва нуқтаи назари ФДСММ-ро инъикос намекунанд.

Ахбори тоза

  • ТОК-ШОУ: “ТАЪМИНИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ”
  • ПОДКАСТ: ПАХШИ БАРНОМАИ РАДИО ДАР РАДИО “ВАТАН”
  • ВАРАКАИ МАТБУОТИ: ПАХШИ РАДИО БАРНОМАИ НАВБАТИ
  • КОНФРОНС
  • ТОК-ШОУ: ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СИРРИ ДАВЛАТИ»

Мавзуъҳои мубрам

ВАО Душанбе Кӯлоб Суғд Хатлон Хуҷанд амалишавӣ буклет дастрасӣ ба иттилоот журналист лоиҳа машварат оғоз тақвим телефони боварӣ шаҳрванд ҳуқуқ
Ташриф: 410 Имрӯз: 1 Ҳамагӣ: 275446