Варақаи матбуотӣ 03.09.2021 admin 544 Views 0 Likes ВАРАҚАИ МАТБУОТӢЛоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон»бо дастгирии Фонди Демократии СММ (ФДСММ)Хуҷанд, 13 августи 2021 с.Ассотсиатсияи «Машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (APART) дар хамкорӣ бо Ваколатдор оид ба Ҳуқуқи Инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Ҷамъиятии «Ташаббусҳои рушди деҳот» дар доираи лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон», ки ҳадафи лоиҳаи мазкур барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии намояндагони ВАО равона карда шудааст.ДАСТУРИ ИТТИЛООТӢ – ро (китоби киссагӣ) барои намояндагони Васоити Ахбори Омма нашр намуда, раванди тақсимоти онро ба анҷом расонида истодааст.Дастури иттилоотии мазкур барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои рӯзноманигорон ва намояндагони васоити ахбори омма дар доираи механизмҳои миллӣ ва байналмилалӣ равона карда шудааст, ки метавонад дар фаъолияти ҳамарӯзаи онхо татбиқ карда шавад.Маълумоти муфассалро метавонед аз сомонаи www.apart.tj дастрас намоед.Маълумот барои тамос:Муҳидинова Мижгона – Ҳуқуқшиноси ЛоиҳаСуроға: шаҳри Хуҷанд, кӯчаи К.Хуҷандӣ 185, утоқи №6.Тел: +992 92 775 57 55;Факс: 83422 6 – 09 – 03;E-mail: apart.tj@gmail.com;Сомона: www.apart.tj. ВАОлоиҳаҳукукҳои рӯзноманигорон
Шарҳи худро гузоред