Варақаи матбуотӣ: ОМОДАИ БАРНОМАИ ТОК-ШОУ 03.09.2021 admin 494 Views 0 Likes ВАРАҚАИ МАТБУОТӢЛоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон»бо дастгирии Фонди Демократии СММ (ФДСММ)Хуҷанд, 16 июли 2021 с.Ассотсиатсияи «Машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (APART) дар хамкорӣ бо Ваколатдор оид ба Ҳуқуқи Инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Ҷамъиятии «Ташаббусҳои рушди деҳот» ба амалисозии лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон», ки ҳадафи лоиҳаи мазкур барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии намояндагони ВАО равона карда шудааст, ба кор шурӯъ намудааст. Дар доираи лоиҳаи мазкур барномаи Ток – шоу дар мавзӯи “НАҚШИ ВАО ДАР РУШДИ ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТӢ”, ки пурра ба тамоми ҷабҳаҳои равобити давлати демократӣ бо ВАО бахшида шудааст, омода гардид.Барномаи мазкур маълумот дар бораи демократия – ҳамчун шакли идоракунии давлат; дар бораи нақши ВАО дар рушди демократия; дар бораи омилҳои иқтисодӣ дар фаъолияти ВАО ва давлати демократӣ ; дар бораи вазъи ҳуқуқии ВАО дар давлати демократӣ; дар бораи озодии ВАО ҳамчун асоси давлати демократӣ; дар бораи тағйирот дар системаи воситаҳои ахбори омма дар давлати демократиро фаро мегирад.Маълумоти муфассалро метавонед аз сомонаи www.apart.tj дастрас намоед.Маълумот барои тамос:Муҳидинова Мижгона – Ҳуқуқшиноси ЛоиҳаСуроға: шаҳри Хуҷанд, кӯчаи К.Хуҷандӣ 185, утоқи №6.Тел: +992 92 775 57 55;Факс: 83422 6 – 09 – 03;E-mail: apart.tj@gmail.comСомона: www.apart.tj ВАОлоиҳаҳукукҳои рӯзноманигорон
Шарҳи худро гузоред