Ташкилоти чамъиятии "Машваратчиёни хукукии Чумхурии Точикистон"
  • Асосӣ
  • Дар бораи мо
    • Дар бораи мо
    • Тими лоиха
    • Шарикон
  • Лента
  • Чорабиниҳо
    • Ахбор
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Бойгонии аксхо
  • Тамос
  • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
    • Тоҷикӣ

Хабарнигорони вилояти Сирдарё ба вилояти Суғд ташриф оварданд

  • 17.03.2022
  • admin
  • 881 Views
  • 0 Likes

Як гурух рӯзноманигорон, нависандагон ва шоирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо фаъолияти воситахои ахбори омма ва мавзеъҳои ҷолиби диққати вилоят шиносоӣ пайдо намуданд.

Дар Рӯзи матбуоти тоҷик 11 март ба маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд як гурӯҳ рӯзноманигорону нависандагон ва шоирони вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф оварданд.

Меҳмонон аз кишвари ҳамсоя аз осорхонаи таърихии вилояти Суғд, хона-музейи Камоли Хуҷандӣ дидан намуда, бо таъриху фарҳанги халқи тоҷик ошно шуданд.

Тавре раиси Ҷамъияти узбекҳои вилояти Суғд Фарҳод Ҷӯраев қайд кард, дар «Коҳи матбуот»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки меҳмонон ва кормандони нашрияҳои вилоятии «Суғд ҳақиқати», «Согдийская Правда» ва «Ҳақиқати Сугд» вохӯрӣ баргузор гардид. «Гурӯҳе аз рӯзноманигорони Ӯзбекистон бо фаъолияти ҳамкасбони худ ошно шуда, онҳоро бо иди касбиашон табрик намуданд. Зимнан зикр гардид, ки дӯстӣ ва муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯст аз замонҳои қадим сарчашма мегирад», – гуфт Фарҳод Ҷӯраев. Раиси бахши вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Илҳоми Ҷамолиён, сардабири рӯзномаи «Сирдарё ҳақиқати» Муҳаммад Исмоил ва дигар рӯзноманигорон ба ҳамкориҳои судманди зиёиёни эҷодкори ду кишвари ҳамсоя изҳори умедворӣ карданд.   Дар навбати худ меҳмононаз  Ӯзбекистон ба хамкасбони точики худ барои қабули гарму ҷӯшон миннатдории самимӣ баён карда, онҳоро ба вилояти Сирдарёи  Ӯзбекистон даъват намуданд.

Маълумот аз  сомонаи  https://sugdnews.com/2022/03/12/sogdijskuju-oblast-posetili-zhurnalisty-iz-syrdarinskoj-oblasti/ гирифта шудааст.

ВАО
Муассиси рӯзномаи «Соҳил» Илҳом Мадализода дар вилояти Суғд аз олам даргузашт
ПОДКАСТ: ЁРИИ АВВАЛИН БА ҲОМИЁНИ ҲУҚУҚ
Related Posts
  • ПОДКАСТ 21.08.2026
  • Тақвимхои деворӣ ва буклетхои маълумотӣ омода карда шуданд, ки ба фаъолияти ВАО бахшида шудаанд 20.05.2021
  • Ташкили телефонҳои боварӣ барои расонадани машварати ҳуқуқӣ ба ВАО 05.04.2021

Шарҳи худро гузоред Cancel Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ҳуқуқи муаллифӣ

Сомонаи мазкур аз ҷониби  Ташкилоти чамъиятии “Машваратчиёни хукукии Чумхурии Точикистон” таҳия шудааст.

Ахбори тоза

  • ПОДКАСТ
  • ВАРАКАИ МАТБУОТИ
  • БРОШЮРА “РОХНАМО БАРОИ МУХОЧИРОНИ МЕХНАТИ”
  • ЗАМИМАИ МОДУЛ ХАМЧУН МАВОДИ ТАКСИМОТИ БАРОИ МУХОЧИРОНИ МЕХНАТИ
  • СТРАТЕГИЯИ ТАНЗИМИ РАВАНДҲОИ МУҲОҶИРАТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2040

Мавзуъҳои мубрам

ВАО Душанбе Кӯлоб Суғд Тачрибаомузи Хатлон Хуҷанд амалишавӣ амнияти раками брошюра буклет варакаи матбуоти дастрасӣ ба иттилоот журналист конвенсия лоиҳа машварат машваратчиёни халки машваратчиёни хукуки машвартчиени хукуки модул мухочир мухочират мухочирати бехатар мухочирати бехетар мухочирати мехнати мухочирони мехнати огози лоиха оғоз подкаст радио-барнома тақвим телефони боварӣ ток-шоу тренинг хомиёни хукук хукук хукуки мухочир хучанд чомеаи шахрванди чорабини шаҳрванд шиканча эълон ҳуқуқ