Як гурух рӯзноманигорон, нависандагон ва шоирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо фаъолияти воситахои ахбори омма ва мавзеъҳои ҷолиби диққати вилоят шиносоӣ пайдо намуданд.
Дар Рӯзи матбуоти тоҷик 11 март ба маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд як гурӯҳ рӯзноманигорону нависандагон ва шоирони вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф оварданд.
Меҳмонон аз кишвари ҳамсоя аз осорхонаи таърихии вилояти Суғд, хона-музейи Камоли Хуҷандӣ дидан намуда, бо таъриху фарҳанги халқи тоҷик ошно шуданд.
Тавре раиси Ҷамъияти узбекҳои вилояти Суғд Фарҳод Ҷӯраев қайд кард, дар «Коҳи матбуот»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки меҳмонон ва кормандони нашрияҳои вилоятии «Суғд ҳақиқати», «Согдийская Правда» ва «Ҳақиқати Сугд» вохӯрӣ баргузор гардид. «Гурӯҳе аз рӯзноманигорони Ӯзбекистон бо фаъолияти ҳамкасбони худ ошно шуда, онҳоро бо иди касбиашон табрик намуданд. Зимнан зикр гардид, ки дӯстӣ ва муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯст аз замонҳои қадим сарчашма мегирад», – гуфт Фарҳод Ҷӯраев. Раиси бахши вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Илҳоми Ҷамолиён, сардабири рӯзномаи «Сирдарё ҳақиқати» Муҳаммад Исмоил ва дигар рӯзноманигорон ба ҳамкориҳои судманди зиёиёни эҷодкори ду кишвари ҳамсоя изҳори умедворӣ карданд. Дар навбати худ меҳмононаз Ӯзбекистон ба хамкасбони точики худ барои қабули гарму ҷӯшон миннатдории самимӣ баён карда, онҳоро ба вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон даъват намуданд.
Маълумот аз сомонаи https://sugdnews.com/2022/03/12/sogdijskuju-oblast-posetili-zhurnalisty-iz-syrdarinskoj-oblasti/ гирифта шудааст.
Шарҳи худро гузоред