Шарики асосии лоиҳа Дастгохи Ваколатдор оид ба Ҳуқуқи Инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад – www.ombudsman.tj
Шарики навбатии лоиҳа Ташкилоти ҷамъиятии “Ташаббусҳои рушди деҳот” (RDI) мебошад.
Ҳадафи ташкилот – мусоидат дар раст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аст. Он ҳамчунин дар расидан ба ҳадафи Стратегияи рушди Тоҷикистон то соли 2030 саҳм мегузорад.
Барномаҳои RDI:
1. Барномаи “Рушди ташаббусҳои ҷавонон” – ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷавонон (16-30 сола) нигаронида шудааст. Азбаски зиёда аз 60% аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, зарур аст, ки ташкили як барномаи махсусе, ки ба ин тоифаи аҳолӣ дастгирии техникӣ, иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ мерасонад;
2. “Рушди деҳот” – дастгирии ташаббусҳои рушди деҳот тавассути ҷамъоварии маблағ ва дигар маблағгузории мувофиқ барои пурра дастгирӣ намудани рушди ташаббусҳои деҳот;
3. “Ташаббусҳо оид ба дастгирии идоракунии хуб” – фаъолсозии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ дар татбиқи ваколатҳои муқаррарнамудаи қонун.