14 марти соли 2022 Мадализода Илҳом Раҳим дар синни 62-солагӣ дар шаҳри Гулистон аз олам даргузашт.
Мадализода Илҳом Раҳим 1 сентябри соли 1960 дар деҳаи Адрасмони шаҳри Гулистон таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи №7-ро хатм кардааст. Соли 1978 ба факултети таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров) дохил шуд. Соли 1982 донишгоҳро бо баҳои аъло хатм кардааст.
Солҳои 1982-1984 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР адои хизмат кардааст. Солҳои 1984-1992 дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 5, 7, 8-и шаҳракҳои Адрасмон ва Сирдарё ба ҳайси омӯзгор кор ва фаъолият бурдааст. Моҳи майи соли 1992 котиби Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқии шаҳри Қайроққум интихоб шуда, то моҳи январи соли 1995 дар ин вазифа кор кардааст. Солҳои 1995-1998 муовини директори телевизиони «Темурмалик» буд. Солҳои 90-ум бо роҳбарии ӯ нашрияҳои «Ганҷбахш», «Суғдиён-медикор-777» ва «Барқчӣ» ба табъ расидаанд.
11 марти соли 1988 бо ташаббуси Илҳом Мадализода дар шаҳри Қайроққум нахустин рӯзномаи расмии «Соҳил» таъсис ёфт. То моҳи апрели соли 2012 сардабири ин рӯзнома буд. Сипас ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон рафта, дар ин ҷо мудири шӯъбаи корҳои диниро ба зимма дошт. Сипас муовини сармуҳаррир ва котиби масъули рӯзномаи «Сухани халқ», сармуҳаррири рӯзномаи «Маъданшинос»-и Донишгоҳи кӯҳӣ ва металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон таъин гардид. Аз соли 2015 инҷониб масъули шуъбаи робита бо ҷомеаи Ҳукумати шаҳри Гулистон мебошад.
Илҳом Мадализода муаллифи як қатор маҷмӯаҳо бо номи «Ашки шабнам» (2000), «Ватанам – Тоҷикистон» (2003), «Садои Мусофирӣ» (2010) ва маҷмӯаи ҳикояву тарҷумаҳои «Кашфиёт» (2014) буд. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон низ буд.
Маълумот аз сомонаи https://sugdnews.com/2022/03/14/v-sogde-skonchalsja-osnovatel-gazety-sohil-ilhom-madalizoda/ гирифта шудааст.
Шарҳи худро гузоред