• Лоиҳаи “Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон”
  • +992 92 775 5755
  • apart.tj@gmail.com
Ассотсиатсияи машваратчиёни хуқукии ҶТ
  • Асосӣ
  • Дар бораи мо
    • Дар бораи мо
    • Тими лоиха
    • Шарикон
  • Лента
  • Чорабиниҳо
    • Ахбор
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Бойгонии аксхо
  • Тамос
  • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
    • Тоҷикӣ

Афғонистонро хатарноктарин кишвар барои матбуот эътироф намудаанд

  • 11.02.2022
  • admin
  • 221 Views
  • 0 Likes

Тибқи гузориши Федератсияи Байналмилалии Рӯзноманигорон (IFJ) дар ҳисоботи солонаи худ дар бораи рӯзноманигорони кушта ва таъқибшуда дар соли 2021 дар Афғонистон 9 хабарнигор кушта шуданд, ки Афғонистонро ба  кишвари хатарноктарин барои кормандони матбуот табдил додааст.

Аз соли 2001 инҷониб мутобиқи омори Федератсияи Байналмилалии Рӯзноманигорон (IFJ) марги 93 хабарнигори афғонро сабт карда шудааст.

«Афғонистон – кишварест, ки ҳоло нархи хеле гаронро пардохта истодааст.   Шӯрои  Федератсияи Байналмилалии Рӯзноманигорон (IFJ) оид ба масъалаҳои гендерӣ изҳори нигаронии худро, махсусан ба вазъи рӯзноманигорон – занон  иброз намуда, пешниҳод мекунад,ки ин вазъият бояд зери назорати қатъии байналмиллалӣ гирифта шавад. Зеро махсусан вазъи рӯзноманигорон – заноне, ки аз дасти “Толибон”  зарар дидаанд, ғайриқаноатбахш аст.

Дар маҷмӯъ, соли гузашта дар ҷаҳон 47 рӯзноманигор кушта шуданд, аз ҷумла 7 зан – онҳо қурбони ҳамлаҳои ҳадафмандона, тирпарронӣ ва таркишҳо шуданд. Ду нафари дигар тасодуфан ба ҳалокат расиданд. Теъдоди марги кормандони расонаҳо нисбат ба соли 2020, ки 65 ҳолати куштори хабарнигорон ба қайд гирифта шуда буд, коҳиш ёфтааст.

Аммо бо вуҷуди ин коҳиш, соли 2021 аз нигоҳи фишор болои расонаҳо ва таҳдидҳо ба хабарнигорон соли рекордӣ буд. Федератсияи байналмиллалии рӯзноманигорон (IFJ) 365 ҳолати боздошти рӯзноманигоронро барои нашрияҳояшон ба қайд гирифтааст, дар муқоиса бо 235 ҳолат аз  соли сипаришуда мебошад. (55% афзоиш).

Федерация қайд мекунад, ки ин ҳамлаҳо ба озодии матбуот дар ВАО таъсири таъсири манфии худро расонидааст. Дар аксари мавридҳо, рӯзноманигорон танҳо барои инъикоси эътирозҳо ё бӯҳрони коронавирус, ки манфиатҳои назарраси ҷомеа дороанд, боздошт ва ба ҷиноятҳои ношоиста айбдор карда мешаванд.

«Дар соли 2021 мо инчунин таҳдид ба озодии матбуотро дар шакли Pegasus, нармафзори ҷосусии телефонҳои мобилӣ, ки барои таъқиби рӯзноманигорон истифода мешуданд, пайдо кардем. Pegasus амнияти аксари дастгоҳҳои сайёрро вайрон кардааст. Маҳфияти манбаъҳо ва муоширати шахсии рӯзноманигорон дигар таъмин карда намешавад ».

Маълумот аз сомонаи https://www.asiaplustj.info/ru/news/centralasia/20220210/afganistan-nazvali-samoi-opasnoi-stranoi-dlya-pressi гирифта шудааст.

ВАО
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар зиёда аз 70 вазорату идораҳо санҷишу мониторинг гузаронид
11 феврал дар кадом мақомотҳо нишасти матбуотӣ барпо мешавад?
Related Posts
  • Тақвимхои деворӣ ва буклетхои маълумотӣ омода карда шуданд, ки ба фаъолияти ВАО бахшида шудаанд 20.05.2021
  • Ташкили телефонҳои боварӣ барои расонадани машварати ҳуқуқӣ ба ВАО 05.04.2021
  • Оғози амалисозии лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон» 01.04.2021

Шарҳи худро гузоред Cancel Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ҳуқуқи муаллифӣ

Сомонаи мазкур бо дастгирии Фонди Демократии СММ (ФДСММ) таҳия карда шудааст. Мундариҷаи сомона мавзуи масъулияти Ассотсиатсияи машваратчиёни ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва нуқтаи назари ФДСММ-ро инъикос намекунанд.

Ахбори тоза

  • ТОК-ШОУ: “ТАЪМИНИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ”
  • ПОДКАСТ: ПАХШИ БАРНОМАИ РАДИО ДАР РАДИО “ВАТАН”
  • ВАРАКАИ МАТБУОТИ: ПАХШИ РАДИО БАРНОМАИ НАВБАТИ
  • КОНФРОНС
  • ТОК-ШОУ: ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СИРРИ ДАВЛАТИ»

Мавзуъҳои мубрам

ВАО Душанбе Кӯлоб Суғд Хатлон Хуҷанд амалишавӣ буклет дастрасӣ ба иттилоот журналист лоиҳа машварат оғоз тақвим телефони боварӣ шаҳрванд ҳуқуқ
Ташриф: 340 Имрӯз: 2 Ҳамагӣ: 275438