Лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон»
бо дастгирии Фонди Демократии СММ (ФДСММ)
Душанбе, 24 январи 2022 с.
Ассотсиатсияи «Машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (APART) дар хамкорӣ бо Ваколатдор оид ба Ҳуқуқи Инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Ҷамъиятии «Ташаббусҳои рушди деҳот» дар доираи лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон», ки ҳадафи лоиҳаи мазкур барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии намояндагони ВАО равона карда шудааст, радио – барнома дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами рӯзноманигорӣ ва роҳҳои ҳалли он” аз ҷониби Радио “Ватан” омода гашта, барои пахш намудани он дар эфир коркард карда шуда истодааст.
Радио – барномаи мазкур масъалаҳои нақши рӯзноманигорӣ дар ҳаёти ҷомеаи муосир, масъалаҳои мубрами соҳаи рӯзноманигорӣ, меъёрҳои муайян дар фаъолияти рӯзноманигор, таъсири мусбӣ ва манфии рӯзноманигорӣ дар замони имрӯза ва омилҳои ҳассосе, ки ба фаъолияти рӯзноманигорӣ таъсир мерасонанд, дар бар мегирад.
Маълумоти муфассалро метавонед аз сомонаи www.apart.tj дастрас намоед.
Маълумот барои тамос:
Муҳидинова Мижгона – Ҳуқуқшиноси Лоиҳа
Суроға: шаҳри Хуҷанд, кӯчаи К.Хуҷандӣ 185, утоқи №6.
Тел: +992 92 940 94 94
+992 92 775 57 55;
Факс: 8 3422 6 – 09 – 03;
E-mail: apart.tj@gmail.com;
Сомона: www.apart.tj
Шарҳи худро гузоред