• Лоиҳаи “Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон”
  • +992 92 775 5755
  • apart.tj@gmail.com
Ассотсиатсияи машваратчиёни хуқукии ҶТ
  • Асосӣ
  • Дар бораи мо
    • Дар бораи мо
    • Тими лоиха
    • Шарикон
  • Лента
  • Чорабиниҳо
    • Ахбор
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Бойгонии аксхо
  • Тамос
  • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
    • Тоҷикӣ

Дар донишгоҳҳои Тоҷикистон саводи расонаӣ ва иттилоотӣ пайдо шудааст

  • 03.11.2021
  • admin
  • 297 Views
  • 0 Likes

Хусусан пайи чанд соли охир  саводи расонаӣ ва иттилоотӣ дар Тоҷикистон аз мафҳуми нофаҳмо ба тамоюли машҳур байни ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва донишҷӯён табдил ёфт. Дар минтақаҳои гуногуни кишвар имрӯзҳо паҳнкунандагони саводи расонаӣ корбарӣ намуда, роҷеъ ба ин масъала даҳҳо лоиҳа амалӣ шуда истодаанд. Дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Хоруғ “Хонаҳои саводи расонаӣ”  кушода шудаанд, ки дар  ин радиф маводҳои таълимӣ  бо забони тоҷикӣ нашр гардидаанд. Инчунин дар донишгоҳҳо устодон курсҳои махсуси саводи расонаиро пешбарӣ менамоянд.

“Гузориши нав” дар бораи пешравии ин равия дар Тоҷикистон маълумот  додааст.

Устодони донишгоҳҳои пойтахт мегӯянд, ки ин мафҳум дар байни рӯзноманигроне, ки онҳо омода намуда истодаанд, ду – се сол пеш пайдо шудааст.

— Фикр мекунам, ки дар бораи саводи расонавӣ  дар Тоҷикистон аз соли 2018 бисёртар истифода мекунанд, кион ба соли оғози татбиқи барномаи MediaCAMP (Центральноазиатская барномаи MediaCAMP амалӣ Internews бо дастгирии USAID) рост меояд, — мегӯяд устоди донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон (РТСУ) Шаходат Саибназарова. – Оғоз аз ҳамон вақт  устодон ва рӯзноманигоронро ба тренингҳо даъват менамуданд, ки соли 2018 мо дар тренинги Осиёи Марказии Эдютон дар пойтахти Казоқистон иштирок намуда, баъди он дар бораи саводи расонавӣ ва иттилоотӣ ба донишҷӯён – рӯзноманигорон дар курсҳои махсус маълумот медодем.

   Имрӯзҳо Шаҳодат яке аз шахсиятҳои марказии пешрафти саводи расонавӣ ва иттилоотӣ дар Тоҷикистон буда, ҳамзамон яке аз коргардонони платформаи фактчекерӣ ба ҳиссоб меравад.

Саводи расонавӣ солҳои охир дар ҳашт донишгоҳҳои кишвар, аз ҷумла Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб  ва Бохтар пайдо шудааст. Асосан ин фанро барои рӯзноманигорони оянда дохил мекунанд.

Дастури таълими барои омӯзиши саводи расонавӣ

Барои осон кардани фаъолияти омӯзгорон  Internews дастури таълимиро оид ба саводи расонавӣ коркард намудааст, ки он бо забони тоҷикӣ нашр гардидаааст. Дастур барои донишҷӯёни донишгоҳҳои кишвар омода гашта,   пурра ба талаботҳои замони имрӯза ҷавобгӯ мебошад.

Ҳоло мо танҳо 50 адад дастурро нашр намудаем, ки 32 адади онро ба шарикони худ аз донишгоҳҳои гуногуни кишвар пешкаш намудем. Мо фақат аз донишгоҳҳое, ки факултетҳои рӯзноманигорӣ  ё ин ки шӯъбаҳои рӯзноманигорӣ доранд, оғоз намудем. Дар ояндаи наздик нақша дорем, ки ин дастурҳоро ба донишгоҳҳои педагогӣ низ пешкаш менамоем, зеро саводи расонавӣ на танҳо ба рӯзноманигорон, балки ба омӯзгорон низ муҳим аст. – мегӯяд мутахассиси саводи расонавӣ ва иттилоотӣ дар  Internews Тоҷикистон Александра Каримова.

  • Ғайр аз дастури чопӣ, инчунин дастури электронӣ низ омода шуда истодааст, Аз гуфтаи Александра ба дастури электронӣ  бо мурури замон тағйиротҳо ва навовариҳо ворид мешаванд.

Дастгирии пешбарии саводи расонавӣ ва иттилоотӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои байналмиллалии абарқудрат ба роҳ монда шудааст. Масалан, бо дастгирии САҲА дар сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ ташкил карда шуда, он иборат аз намояндагони вазорат, устодони донишгоҳҳо, инчунин корманди Internews дар Тоҷикистон  мебошад.

Маълумот аз сомонаи www.nansmit.tj гирифта шудааст.

В вузах Таджикистана появилась медийная и информационная грамотность
ВАОҳукукҳои рӯзноманигорон
Рӯзи байналмилалии қатъ намудани беҷазоӣ барои ҷиноятҳо ба муқобили рӯзноманигорон
Дар Душанбе маросими X ҷоизасупории ТОП 50 “Барои саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа” баргузор гардид
Related Posts
  • Тақвимхои деворӣ ва буклетхои маълумотӣ омода карда шуданд, ки ба фаъолияти ВАО бахшида шудаанд 20.05.2021
  • Ташкили телефонҳои боварӣ барои расонадани машварати ҳуқуқӣ ба ВАО 05.04.2021
  • Оғози амалисозии лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон» 01.04.2021

Шарҳи худро гузоред Cancel Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ҳуқуқи муаллифӣ

Сомонаи мазкур бо дастгирии Фонди Демократии СММ (ФДСММ) таҳия карда шудааст. Мундариҷаи сомона мавзуи масъулияти Ассотсиатсияи машваратчиёни ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва нуқтаи назари ФДСММ-ро инъикос намекунанд.

Ахбори тоза

  • ТОК-ШОУ: “ТАЪМИНИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ”
  • ПОДКАСТ: ПАХШИ БАРНОМАИ РАДИО ДАР РАДИО “ВАТАН”
  • ВАРАКАИ МАТБУОТИ: ПАХШИ РАДИО БАРНОМАИ НАВБАТИ
  • КОНФРОНС
  • ТОК-ШОУ: ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СИРРИ ДАВЛАТИ»

Мавзуъҳои мубрам

ВАО Душанбе Кӯлоб Суғд Хатлон Хуҷанд амалишавӣ буклет дастрасӣ ба иттилоот журналист лоиҳа машварат оғоз тақвим телефони боварӣ шаҳрванд ҳуқуқ
Ташриф: 493 Имрӯз: 1 Ҳамагӣ: 272308