
Лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон»
Бо дастгирии Фонди Демократии СММ (ФДСММ)
Хуҷанд, 4 июни 2021 с.
Ассотсиатсияи «Машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (APART) дар хамкорӣ бо Ваколатдор оид ба Ҳуқуқи Инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Ҷамъиятии «Ташаббусҳои рушди деҳот» ба амалисозии лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон» ба кор шурӯъ намуда, дар доираи лоиҳаи мазкур сомонаи махсус “www. аpart. tj” омода карда шуд, ки пурра ба фаъолияти лоиҳавӣ бахшида шудааст.
Дар сомонаи омодагашта санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии миллӣ ва байналмиллалӣ, ки фаъолияти ВАО – ро ба танзим медароранд, хабарҳои мубрами рӯз, ки бо ВАО алоқаманданд ва инчунин маълумоти пурра роҷеъ ба амалҳои иҷрогашта дар доираи лоиҳа оварда шудаанд.
Маълумот барои тамос:
Ҳамидова Ҳабибахон – Роҳбари Лоиҳа
Суроға: шаҳри Хуҷанд, кӯчаи К.Хуҷандӣ 185, утоқи №6.
Тел: +992 92 775 57 55
Факс: 83422 6 – 09 – 03
E-mail: apart.tj@gmail.com
Сомона: www.apart.tj
Шарҳи худро гузоред