Ташкилоти ҷамъиятии / Ассотсиатсияи «Машваратчиёни хукукии Чумхурии Тоҷикистон» лоиҳаи «Расонидани ёрии иттилооти – хукуки оид ба масъалахои гендери ба дар шимоли Тоҷикистон»-ро оғоз намуд.
Лоиҳа бо дастгирии молиявии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи «Пешбурди баробарии гендерӣ тавассути ҷомеаи шаҳрвандӣ» (AGECS) бо дастгирии Ҳукумати Канада тавассути Фонди рушд ва тавонмандӣ (F4HE) амалӣ карда мешавад.
Мақсади лоиҳа баланд бардоштани сатҳи иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ дар байни занон/духтарони деҳот тавассути омӯзиш ва таъмини фаъолияти бомуваффақияти гурухи пара-хукукшиносон мебошад. Фарогирии лоиҳа – 5 шаҳр/ноҳияи вилояти Суғд: ноҳияи Б.Ғафуров, ноҳияи Спитамен, ноҳияи Ашт, шаҳри Гулистон, ноҳияи Ҷаббор Расулов.
Дар доираи лоиҳаи мазкур доир намудани тренингҳо ва вохӯриҳои ҳуқуқӣ, инчунин наворбардорӣ ва пахши ток-шоу бо иштироки намояндагони тамоми субъектҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қурбониёни хушунати гендерӣ дар минтақа ба нақша гирифта шудааст.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба мутахассиси иттилооти ташкилот – Абдурасулова Муҳаррам муроҷиат намоед.
Телефон барои маълумот: 92 7755755
почтаи электронӣ: info@apart.tj
вебсайт: www.apart.tj
Шарҳи худро гузоред