• Лоиҳаи “Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон”
  • +992 92 775 5755
  • apart.tj@gmail.com
Ассотсиатсияи машваратчиёни халқии ҶТ
  • Асосӣ
  • Дар бораи мо
    • Дар бораи мо
    • Тими лоиха
    • Шарикон
  • Лента
  • Чорабиниҳо
    • Ахбор
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Бойгонии аксхо
  • Тамос
  • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
    • Тоҷикӣ

«Мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ». Ҷоизаи хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе

  • 10.12.2021
  • admin
  • 69 Views
  • 0 Likes

Бюрои ҳуқуқи башар ва риояи қонуният, як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Муллораҷаб Юсуфӣ, хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодиро бо ҷоизаи «Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар журналистика» сарфароз гардонд. Ҷоизаро рӯзи 9-уми декабр дар Душанбе супурданд.

Муллораҷаб Юсуфӣ яке аз гузоришгарони фаъоли Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон аст, ки мавзуъҳои вобаста ба пандемияи COVID-19, эътирозҳои Бадахшон, нақзи ҳуқуқи башар, болоравии нархҳо, фақр, офатҳои табиӣ ва ғайраро бозтоб додааст.

Ӯ як дафъа ҳангоми таҳияи гузориш дар бораи нархи сӯзишворӣ мавриди ҳамла ва латукӯб қарор гирифт, вале аз роҳаш пас нагашт.

Юсуфӣ аз соли 2017 дар дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе кор мекунад. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аст. Дар гузашта хабарнигори нашрияҳои «Самак», «Нигоҳ», сомонаи Cabar ва хабаргузории TojNews буд.

Бюрои ҳуқуқи башар ва риояи қонуният дар Тоҷикистон ба Бунёди иҷтимоии Ташаббуси сиёсати шаҳрвандии интернет «Барои нақши вижа дар пешбурди ҳуқуқи инсон» ҷоиза дод. Созмон Дилафрӯз Самадоваро беҳтарин ҳомии ҳуқуқи башар эътироф кард.

Бюрои ҳуқуқи башар ва риояи қонуният дар Тоҷикистон ҳар сол бахшида ба рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, ки даҳуми декабр таҷлил мешавад, ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолонро қадрдонӣ мекунад.

Маълумот аз сомонаи https://www.ozodi.mobi/a/31601859.html?fbclid=IwAR0JxgTUPC-qQC8VagtMdCNL7QFmoxqcgdoH9nQWQ27S87Zfy13w6AQASUg гирифта шудааст.

«Тоҷиктелеком» дигар нашуд, сустии Интернет ҳам. Душанбе тавсияи Бонки Ҷаҳониро «нашунид»?
Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон: 293 рӯзноманигор дар соли 2021 ба зиндон рафтанд
Related Posts
  • Тақвимхои деворӣ ва буклетхои маълумотӣ омода карда шуданд, ки ба фаъолияти ВАО бахшида шудаанд 20.05.2021
  • Ташкили телефонҳои боварӣ барои расонадани машварати ҳуқуқӣ ба ВАО 05.04.2021
  • Оғози амалисозии лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон» 01.04.2021

Шарҳи худро гузоред Cancel Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ҳуқуқи муаллифӣ

Сомонаи мазкур бо дастгирии Фонди Демократии СММ (ФДСММ) таҳия карда шудааст. Мундариҷаи сомона мавзуи масъулияти Ассотсиатсияи машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва нуқтаи назари ФДСММ-ро инъикос намекунанд.

Ахбори тоза

  • Озмун оид ба мақоллаҳои ба масъалаҳои мубрами ҷомеа бахшида шуда, ки аз ҷониби намояндагони ВАО нашр шудаанд
  • ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ
  • ПОДКАСТ: «НАҚШИ ИСТЕҲСОЛӢ – ИҚТИСОДИИ ВАО ДАР АСРИ XXI”
  • ТОК-ШОУ: «Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои рӯзноманигор ҳангоми инъикоси мавзуъ»
  • Эълон

Мавзуъҳои мубрам

ВАО Душанбе Хуҷанд амалишавӣ буклет дастрасӣ ба иттилоот журналист лоиҳа оғоз тақвим шаҳрванд ҳуқуқ
Ташриф: 105 Имрӯз: 2 Ҳамагӣ: 99246