Коршиносон мушкилии аслии шабакаҳои ҷумҳуриявии Тоҷикистонро, ки тайи чанд соли охир маҳбубияташонро аз даст дода истодаанд, дар набудани рақобат дар сатҳи миллӣ медонанд.
Ардашер Гулмуродзода, як ҷавони 23-сола аз Душанбе,ъ мегӯяд, ба далели набудани барномаҳои хуби тафреҳӣ ва таҳлилӣ шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявии Тоҷикистонро тамошо намекунад.
Ба гуфтаи ӯ, талошҳои махсусгардонии шабакаҳои телевизионӣ мутаассифона натиҷаи мусбат дода наистодааст.
«Шабакаи аввал (собиқ ТВ Тоҷикистон) ҳоло комилан сиёсӣ шудааст ва ҳатто филму мусиқӣ намоиш намедиҳад. Ҳарчанд Шабакаи аввали Русия ин корро баъзан барои дилхушии тамошобинон мекунад”, – мегӯяд Гулмуродзода.
Гулмуродзода мегӯяд, чанд сол аст, ки шабакаҳои телевизионии маҳаллиро тамошо намекунад.
Шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ аз телевизионҳои давлатӣ бо он фарқ мекунанд, ки вақти ками эфирӣ доранд. “СМТ” хабари “Замони ҳозира”, ду-се клипу таблиғро намоиш медод, аммо вақти кам дошт”, – гуфт Гулмуродзода.
Ба гуфтаи Бобоҷони Шафеъ, як сокини 64-солаи Душанбе, дар пахши шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ барои ӯ ҳеҷ чизи ҷолибе нест.
«Танҳо баъзан барномаҳои адабию фарҳангиро тамошо мекунам», – гуфт Шафеъ.
Барномаҳои хабарии телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ба назари ӯ хеле дилгиркунанда менамояд.
— Баъзан дар бораи кадом як чинакчй – чорводор маводи дуру дарозе пахш мекунанд, ки ин бештар ба барномаи хочагии кишлок монанд аст, — мегуяд Шафеъ.
Ба гуфтаи ӯ, дар пахши бархе аз шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ ҳатто аз рӯи графикӣ худро нороҳат ҳис мекунад.
«Сатрҳои зиёди телевизиони «Ҷаҳоннамо» метавонад одамро нобино кунад. Намедонам, шояд ин танҳо барои ман бошад? ”, – мегӯяд Шафеъ. Тибқи иттилои як ширкати таҳлилии истеъмоли ВАО дар Тоҷикистон, тамошобинони тоҷик ба тамошои шабакаҳои телевизионии миллӣ камтар ва бештар ба шабакаҳои хориҷӣ мегузаранд. Дар як пажӯҳиши охири KTM бо номи “Таҳлили истеъмоли телевизион дар соли 2021” гуфта мешавад, ки саҳми тамоми телевизионҳои дохилии Тоҷикистон ҳамагӣ 49%-и шумораи умумии телевизионҳои ҷумҳуриявӣ мебошанд.
Тибқи пажӯҳиш, шабакаҳои телевизионии хориҷӣ 51% тамошобинон, 38% ҷумҳуриявӣ, 11% минтақавӣ ва маҳаллӣ тамошо мекунанд.
Ин ширкат мегӯяд, коҳиши таваҷҷ=ҳи тамошобинони тоҷик ба шабакаҳои телевизионии миллӣ як тамоюли устувори солҳои охир ба щисоб меравад. Масалан, соли 2015 телевизиони миллии Тоҷикистонро 46%, соли 2020 – 42%, соли 2021 – 38% тамошо кардаанд. Ба иттилои КТМ, дар қатори маъруфтарин шабакаҳои телевизионии хориҷӣ – русӣ, узбакӣ ва як гурӯҳи Шабакаҳои телевизионии моҳвораии форсизабон GEM TV шомиланд. Дар ин росто телевизион яке аз муҳимтарин манобеъи иттилоъ боқӣ мемонад. 81 дарсади аҳолии Тоҷикистон ҳамарӯза оинаи нилгун тамошо мекунанд.Шералӣ Ҷӯрабоев, маркетолог, муассиси оҷонсии таблиғотии Total Advertising Group, бар ин назар аст, ки ба далели коҳиши тамошобинони шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз ҷойгир кардани таблиғ дар шабакаҳои худ худдорӣ мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, борҳо дар бораи паст будани сифати мавод дар шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ ҳарф зада буд. Бори охир дар ин бора соли 2019 дар як мулоқот бо намояндагони расонаҳои давлатӣ (матбуоти мустақил, аз ҷумла расонаҳои хориҷӣ даъват нашуданд) гуфта буд, ки онҳо дар шароити муосир рақобатпазир нестанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кори шабакаҳои телевизионии «Евронюс» ва «Ал-Ҷазира»-ро, ки сари вақт хабар пахш мекунанд, мисол оварда, ба Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дод, ки барномаҳои телевизиониро назорат кунад. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки чунин мониторинг анҷом шудааст ё на ва чӣ натиҷа додааст.
Дар Тоҷикистон тамоми телевизионҳои миллӣ моликияти давлатӣ мебошанд. Кӯшишҳои таъсиси шабакаҳои миллии телевизионҳои ғайридавлатӣ ба далели радди ҳуқуқи сабти ном натиҷа надоданд. Тамоми шабакаҳои телевизионии ғайридавлатӣ минтақавӣ буда, аксари онҳо дар вилояти Суғд ҷойгиранд. Дар фазои ин шабакаҳои телевизионӣ матолиби фароғатӣ бартарӣ дошта, оид ба проблемаҳои актуалӣ, сиёсӣ, иќтисодӣ ва иҷтимоӣ амалан мавод мавҷуд нест. Мутахассисон ба телевизионҳо маслиҳат медиҳанд, ки аудиторияро омӯзанд.
Аз байн беш аз ду сол гузашт, вале аз рӯи натиҷаи пажӯҳиш ва андешаи тамошобинон, кори шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон беҳтар нашудааст.
Яке аз рлҳбарони шабакаҳои телевизионии давлатӣ, ба шарти ифшо нашудани номаш ба хабарнигори CABAR.asia гуфтааст, ки аз интиқоди сарвари давлат розӣ аст ва онҳо талош доранд, вазъро ислоҳ кунанд: “Дар куҷо кор ҳаст, интиқод ҳаст. Давлат ба кори телевизион диққати калон медихад. Мо инчунин кӯшиш мекунем, ки мазмуни барномахоямонро бехтар намоем. Аммо кори рӯзноманигорон ва коркунони инженер-техникиро нодида гирифтан мумкин нест. Дар телевизион барномаҳои хуб вуҷуд доранд. Дар бораи шахсиятҳои маъруф барномаҳо омода карда истодаем, барномаҳои хуби сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ вуҷуд доранд, гуфт манбаъ ба CABAR.asia. Шаҳло Акобирова, рӯзноманигор ва коршиноси расонаҳои хабарӣ, сабаби аслии рукуди кори телевизионро набудани бозори рақобат дар ин соҳа медонад.
Маълумот аз сомонаи https://cabar.asia/ru/tadzhikskoe-televidenie-otkazatsya-ot-monopolizma-radi-razvitiya гирифта шудааст.
Шарҳи худро гузоред