Ташкилоти ҷамъиятӣ / Ассотсиатсияи «Машваратчиёни ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Расонидани ёрии иттилоотӣ – ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ дар Шимоли Точикистон», ки бо дастгирии молиявии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, дар доираи лоиҳаи чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Пешбурди баробарии гендерӣ тавассути ҷомеаи шаҳрвандӣ» (AGECS) бо дастгирии Ҳукумати Канада тавассути Фонди рушд ва тавонмандӣ (F4HE), тренингҳои иттилоотӣ ва таълимӣ оид ба омода намудани гурӯҳи ҳуқуқшиносон аз байни донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшинос, адвокатҳо ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон.
Барномаи омӯзишӣ аз мавзӯъҳои зерин иборат буд:
– Баробарии гендерӣ чист?
– сабабҳои нобаробарии гендерӣ ва роҳҳои мубориза бо ин падида;
-субъектҳое, ки нобаробарии гендерӣ/зӯроварӣ дар оиларо пешгирӣ мекунанд (шиносоӣ бо меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»);
– ҷавобгарӣ барои истифодаи зӯроварӣ;
– Мафхумхои асосии Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи баробари ва бархам додани хама гуна шаклхои табъиз» (аз 22 июли соли 2022);
– механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқҳои қурбониёни нобаробарии гендерӣ;
– механизмҳои минтақавии ҳифзи ҳуқуқҳои қурбониёни нобаробарии гендерӣ;
– механизмҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои қурбониёни нобаробарии гендерӣ;
– СММ – ҳамчун механизми асосии ҳифзи ҳуқуқи инсон;
– Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳама шаклҳои табъиз нисбати занон;
– Ҳокимияти судӣ ҳамчун механизми асосии ҳифзи ҳуқуқи инсон.
Иштирокчиён ахамият ва зарурияти ташаббуси лоихаро кайд намуда, омодагии худро барои расидан ба хадафхо ва вазифахои ба миён гузоштаи гурўхи лоихаи иброз доштанд.
Машгулиятхо пурсамар ва дар вазъияти дустона гузашт. Ҳар як гурӯҳи омӯзишӣ роҳбарони худро муайян карданд, то ки кори гурухи ҳуқуқшиносонро дар панҷ минтақаи лоиҳави ҳамоҳанг намоянд ва ӯҳдадоранд, то ки бо иҷрокунандагони лоиҳа дар тамос бошанд.
Шарҳи худро гузоред