Ташкилоти чамъиятии "Машваратчиёни хукукии Чумхурии Точикистон"
  • Асосӣ
  • Дар бораи мо
    • Дар бораи мо
    • Тими лоиха
    • Шарикон
  • Лента
  • Чорабиниҳо
    • Ахбор
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Бойгонии аксхо
  • Тамос
  • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
    • Тоҷикӣ

Таъмини ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот

  • 16.08.2022
  • admin
  • 649 Views
  • 1 Likes

Мавҷудияти механизмҳои ҳуқуқии амалишавии ҳуқуқи шаҳрвандон ба дастрасӣ ба иттилоот, ки мақомоту ташкилотҳо дар ихтиёри худ доранд, яке аз стандартҳои давлати демократии муосир ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба рушди қонунгузорӣ дар бораи дастрасӣ ба иттилоот шаффофияти ниҳоди ҳокимият барои ҷомеа, кам шудани имконият барои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва дар умум баланд шудани фарҳанги идоракунӣ таъмин мегардад.

Бояд қайд кард, ки тавассути ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот самаранокии фаъолияти мақомоту ташкилотҳо баҳогузорӣ ва бо ин васила мушкилоти шаҳрвандон ошкор мешавад.

Дастрасӣ ба иттилооти муҳими ҷамъиятӣ ҳамчун як масъалаи муҳими ҳуқуқи инсон ва воситаи такмилдиҳии идоракунии демократӣ эътироф шуда, ба иштироки бештари ҷомеа, масъул будани мақомоти давлатӣ ва баланд бардоштани боварии ҷомеа ба қарорҳои қабулшавандаи мақомоту ташкилотҳо мусоидат мекунад.

Ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ҳуқуқи аз мақомоту ташкилот ба даст овардани иттилоот аст, ки ба манфиатҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванди муайян, инчунин иттилоот дар бораи фаъолияти мақомоту ташкилот дахл доранд.

Ҳуқуқ ба ҷустуҷӯ ва гирифтани иттилоот маънои онро дорад, ки ҳар кас ҳуқуқ дорад оид ба масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои асосии пешбининамудаи Конститутсия ба мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор муроҷиат намояд ва аз онҳо иттилооти дархостшударо ба даст орад.

Тибқи қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ 59 (1) соли 1946 озодии иттилоот ин ҳуқуқи дар ҳама ҷой ва бемамониат ҷамъоварӣ, паҳн намудан ва нашри иттилоот мебошад.

Моддаи 19 Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон эълон медорад, ки ҳар инсон ба озодии ақида ва баёни озодонаи он ҳақ дорад; ин ҳуқуқ озодии бемамониат нигоҳ доштани ақидаи худ, бо ҳар восита ва сарфи назар аз ҳудудҳои давлатӣ, ҷустуҷӯ, дастрасу интишор намудани маълумоту андешаро дарбар мегирад.

Тибқи моддаи 25 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба ҳар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст.

Чӣ тавре, ки аз мазмуни ин санади амали бевоситадошта бармеояд, ин ҳуқуқ бояд ба ҳамаи шаҳрвандон дастрас бошад.

Меъёрҳои конститутсионии ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот рушди минбаъдаи худро дар қонунгузории амалкунанда ёфта, механизмҳои амалишавии ин меъёрҳо таъмин шудаанд.

Ҳуқуқи мазкур дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”, “Дар бораи иттилоотонӣ”, “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”, “Дар бораи ҳифзи иттилоот» ва дигар санадҳо кафолат дода шудаанд.

Тартиби ҷуброни хароҷотҳо вобаста ба пешниҳоди иттилоот бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 тасдиқ шудааст.

Бояд қайд кард, ки фаъолияти мақомоту ташкилот бояд кушоду шаффоф бошад ва шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд дар ҳама ҳолат бо тамоми воситаҳои мавҷуда иттилооти ба онҳо маълумгардидаро дар бораи ҳолату вазъияте, ки ба амнияти ҷомеа, ҳаёт ва саломатии мардум таҳдид менамоянд, ба маълумоти умум бетаъхир расонанд.

Ҳамчунин иттилоот бояд барои ҳама ошкоро бошад ва мунтазам бо кафолати боварӣ ва пуррагӣ таъмин карда шавад.

Аммо дар самти ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот баъзе мушкилот, ба мисли рушди сусти инфрасохторҳои таъминкунандаи дасрасӣ вуҷуд доранд, ки имконияти дастрасиро бо тарзу усуслҳои ҳозиразамон истисно мекунанд.

Ҳамчунин мушкилоти дастрасӣ ба иттилоотро бештар бемайлии шахсони мансабдор дар пешниҳоди иттилооти муҳим барои ҷомеа, пешниҳоди иттилооти нопурра ва дигарҳо дарбар мегиранд.

Дархосткунандагони иттилоот бо таъхири зиёд дар пешниҳоди иттилооти дархостшаванда дучор меоянд. Дар аксар мавридҳо  иттилооти дархостшуда чандон эҳтиёҷоти дархосткунандаро қонеъ намекунад ва дар баъзе мавридҳо пешниҳоди иттилооти номаҳдуд беасос рад карда мешаванд.

Мусоидат ба риояи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот тибқи Стратегияи фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 яке аз самтҳои афзалиятнок муайян шудааст.

Бо мақсади муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот аз ҷониби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мунтазам мониторинги фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатӣ гузаронида мешавад.

Зимни мониторинг баъзе камбудиҳо, ба монанди пешниҳод нашудани маводҳо бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), аз ҳамдигар фарқ қардани саҳифаҳои тоҷикӣ ва русии сомонаҳо, коста будани мазмун ва муҳтавои баъзе сомонаҳо, надоштани маълумоти зарурӣ дар баъзе қисматҳои сомона ё нав карда нашудани онҳо, душвор будани воридшавӣ ба баъзе сомонаҳо ҷой доранд.

Аз ин рӯ, андешидани чораҳо оид ба саривақт пешниҳод намудани иттилоот ба дархостҳои пешниҳодшаванда вобаста ба масъалаҳои муҳими ҷамъиятӣ, дар қонунгузорӣ пешбинӣ намудани ҷавобгарии пурзӯр барои саривақт пешниҳод накардани иттилоот, тақвияти корҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва малакаҳои касбии кормандони мақомоту ташкилотҳо дар самти пешниҳод намудани иттилоот ва мутобиқ намудани сомонаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда муҳим аст.

Макола аз сомонаи http://ombudsman.tj/ гирифта шудааст.

ВАОдастрасӣ ба иттилоотжурналистлоиҳаХуҷандҳуқуқ
ПУРСИШҲОИ ФОСИЛАВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ҚОНУНӢ ШУДАНД
ҲУҚУҚИ ОЗОДИИ ИТТИЛООТ ВА ҲОЛАТҲОИ ИСТИСНОИИ МАҲДУД НАМУДАНИ ОН
Related Posts
  • Тақвимхои деворӣ ва буклетхои маълумотӣ омода карда шуданд, ки ба фаъолияти ВАО бахшида шудаанд 20.05.2021
  • Ташкили телефонҳои боварӣ барои расонадани машварати ҳуқуқӣ ба ВАО 05.04.2021
  • Оғози амалисозии лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон» 01.04.2021

Шарҳи худро гузоред Cancel Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ҳуқуқи муаллифӣ

Сомонаи мазкур бо дастгирии Фонди Демократии СММ (ФДСММ) таҳия карда шудааст. Мундариҷаи сомона мавзуи масъулияти Ташкилоти чамъиятии “Машваратчиёни хукукии Чумхурии Точикистон” мебошад ва нуқтаи назари ФДСММ-ро инъикос намекунанд.

Ахбори тоза

  • БРОШЮРА “РОХНАМО БАРОИ МУХОЧИРОНИ МЕХНАТИ”
  • ЗАМИМАИ МОДУЛ ХАМЧУН МАВОДИ ТАКСИМОТИ БАРОИ МУХОЧИРОНИ МЕХНАТИ
  • СТРАТЕГИЯИ ТАНЗИМИ РАВАНДҲОИ МУҲОҶИРАТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2040
  • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҲОҶИРАТ
  • КОНВЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИ ОИД БА ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ҲАМАИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТИ ВА АЪЗОИ ОИЛАИ ОНҲО

Мавзуъҳои мубрам

ВАО Душанбе КОНУНИ ЧТ Кӯлоб МУХОЧИРОН Суғд Тачрибаомузи Хатлон Хуҷанд амалишавӣ амнияти раками брошюра буклет варакаи матбуоти дастрасӣ ба иттилоот журналист конвенсия лоиҳа машварат машваратчиёни халки машваратчиёни хукуки машвартчиени хукуки модул мухочир мухочират мухочирати бехатар мухочирати мехнати мухочирони мехнати огози лоиха оғоз подкаст радио-барнома тақвим телефони боварӣ ток-шоу тренинг хомиёни хукук хукук хукуки мухочир хучанд чомеаи шахрванди шаҳрванд шиканча эълон ҳуқуқ