• Лоиҳаи “Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон”
  • +992 92 775 5755
  • apart.tj@gmail.com
Ассотсиатсияи машваратчиёни халқии ҶТ
  • Асосӣ
  • Дар бораи мо
    • Дар бораи мо
    • Тими лоиха
    • Шарикон
  • Лента
  • Чорабиниҳо
    • Ахбор
    • Эълонҳо
    • Чорабиниҳо
    • Бойгонии аксхо
  • Тамос
  • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
    • Тоҷикӣ

Муроҷиати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони (Омбудсменҳо)-и давлатҳои хориҷ ҷиҳати пешгирии саривақтии вайроншавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва барқарорсозии онҳо дар ҳудуди Афғонистон

  • 15.09.2021
  • admin
  • 93 Views
  • 0 Likes

    Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вазъи имрӯзаи Афғонистон, хусусан пешгирии саривақтии вайроншавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва барқарорсозии онҳо ба Ваколатдорони ҳуқуқи инсони давлатҳои хориҷа муроҷиат кардааст.

    Дар муроҷиат омадааст, ки ҳодисаҳои рӯзҳои охир, ки дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рух додаанд, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Чӣ тавре ки аз маълумоти  воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ бармеояд, ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ин кишвар дар вазъи хеле муташанниҷ қарор доранд.

Новобаста аз он, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар давраи низоъҳои мусаллаҳона бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башар таъмин аст, вале ба ин нигоҳ накарда, ҳамлаҳои қувваҳои ҷангии тарафи даргир (толибон) бо истифода аз яроқу аслиҳаҳои манъшудаи ҳуқуқи байналмилалии башар, ки метавонад талафоти зиёди аҳолии осоиштаро ба вуҷуд биёрад, рӯз то рӯз зиёд гашта истодааст. Чунин ҳамлаҳо ба аҳолии осоишта ва истифода аз аслиҳаи ғайриинтихобӣ на танҳо ҳуқуқи бунёдии инсон – ҳуқуқ ба ҳаётро поймол менамояд, ҳамчунин меъёрҳои Конвенсияҳои Женева аз соли 1949 ва Протоколҳои иловагии соли 1977, ки асоси ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстиро ташкил медиҳанд, ба пуррагӣ вайрон  мекунанд.

    Мутаассифона, сохторҳои дахлдори СММ ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон хомӯширо ихтиёрӣ намуда, ҷиҳати барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла кӯдакон, маъюбон, занону духтарон ва дигар кишрҳои осебпазири ҷомеа вокуниш нишон намедиҳанд. Ҳар лаҳза поймолкунии ҷиддӣ ва оммавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва теъдоди кушташудагони аҳолии осоишта  дар ин кишвари ҷангзада зиёд шуда,  табъизи қавму халқҳои ғайрипуштунӣ ба назар мерасад.

    Ҳамзамон, мушкилоти гурезаҳои афғон масъалаи мубрами рӯз гаштааст. Мутаассифона, натиҷаҳои вазъи ба вуҷуд омада нишон медиҳад, ки қисмати зиёди аҳолии осоиштаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бинобар таҳдид ба ҳаёт ва саломатии худ ва аъзои оилаи онҳо ҳангоми убури сарҳади дигар давлатҳо бо мақсади ба даст овардани паноҳгоҳ ба мушкилиҳои  зиёд дучор мегарданд.

    Аз ин лиҳоз, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон (Омбудсменҳо) муроҷиат намуда, даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати пешгирии  саривақтии вайроншавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва барқарорсозии онҳо дар ҳудуди Афғонистон бо ҳукуматҳои худ ва сохторҳои давлатии дахлдор  ҳамкорӣ намуда, дар ҳалли масъалаи мазкур бетараф набошанд.

 Мавод аз сомонаи www. ombudsman.tj  гирифта шудааст.

масъалаи мубрами рӯзҳуқуқу озодиҳои инсон
Лоиҳаи Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳокимаи ҷамъиятӣ пешниҳод шуд.
“Масири истиқлолиятро бе фаъолияти ВАО тасаввур кардан номумкин аст”
Related Posts
  • Тақвимхои деворӣ ва буклетхои маълумотӣ омода карда шуданд, ки ба фаъолияти ВАО бахшида шудаанд 20.05.2021
  • Ташкили телефонҳои боварӣ барои расонадани машварати ҳуқуқӣ ба ВАО 05.04.2021
  • Оғози амалисозии лоиҳаи «Таъмини дастгирии иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО тавассути ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон» 01.04.2021

Шарҳи худро гузоред Cancel Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ҳуқуқи муаллифӣ

Сомонаи мазкур бо дастгирии Фонди Демократии СММ (ФДСММ) таҳия карда шудааст. Мундариҷаи сомона мавзуи масъулияти Ассотсиатсияи машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва нуқтаи назари ФДСММ-ро инъикос намекунанд.

Ахбори тоза

  • Озмун оид ба мақоллаҳои ба масъалаҳои мубрами ҷомеа бахшида шуда, ки аз ҷониби намояндагони ВАО нашр шудаанд
  • ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ
  • ПОДКАСТ: «НАҚШИ ИСТЕҲСОЛӢ – ИҚТИСОДИИ ВАО ДАР АСРИ XXI”
  • ТОК-ШОУ: «Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои рӯзноманигор ҳангоми инъикоси мавзуъ»
  • Эълон

Мавзуъҳои мубрам

ВАО Душанбе Хуҷанд амалишавӣ буклет дастрасӣ ба иттилоот журналист лоиҳа оғоз тақвим шаҳрванд ҳуқуқ
Ташриф: 173 Имрӯз: 1 Ҳамагӣ: 99255