Омил дар фаъолияти касбии журналист иттилоот аст!
Кадом меъёри конститутсионӣ ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро танзим менамояд?
Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси ТҶ “Хома”
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду модда вуҷуд дорад, ки онҳоро ҳамчун ҳуқуқи бунёдии дасрастӣ ба иттилоот истифода бурдан мумкин аст. Якум
ин моддаи 31, ки Конститусияи ҶТ ба шаҳрванд ҳуқуқ медиҳад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд. Вақте ки мо дар бораи маҳдудиятҳои қонун ишора менамоем, манзур иттилооти хусусияти сирридошта аст (сири давлатӣ, оилавӣ, тиббӣ, тиҷоратӣ, адвокатура ва ғайра, инчунин маълумоти шахсӣ, ҳаёти шахсӣ ба ҳисоб меравад, ки бе розигӣ паҳн намудани он манъ аст. Дувум ин моддаи 25 Конститусияи ҶТ “мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба ҳар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст”. Истифодаи маҳфуми “ба истиснои ҳолатҳои пешбинигардидаи қонун” ин ҳамон маҳдудиядҳое ки дар боло хотирасон карда будем.
Кадом қонунҳо соҳаи иттилоотро танзим мекунанд?
Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси ТҶ “Хома”
Дар Тоҷикистон як қатор қонунҳое мавҷуданд, ки ба соҳаи иттилоот марбутанд
№ | Номи қонун | № ҳуҷҷат | Санаи қабул | Вазъи қонун |
1. | Қонуни ҶТ“Дар бораи иттилоотонӣ” | №40 | 06.08. 2001 с. | мавриди амал |
2. | Қонуни ҶТ“Дар бораи иттилоот” | № 55 | 10.05. 2002 с. | мавриди амал |
3. | Қонуни ҶТ“Дар бораи ҳифзи иттилоот” | № 71 | 02.12. 2002 с. | мавриди амал |
4. | Қонуни ҶТ“Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот “ | № 411 | 18.07. 2008 с. | мавриди амал |
5. | Қонуни ҶТ“Дар бораи итилооти экологӣ” | №705 | 25.03. 2011 с. | мавриди амал |
Қонунҳои мазкур дарки комил аз навъи иттилоот, механизми пешниҳод, ҳифз ва дастрасӣ ба иттилоотро таъмин месозад. Аз номи қонун бармеояд, ки кадом самт танзим карда мешавад. ВАО ва рӯзноманигорон бо такя ба қонунҳои соҳавӣ метавонанд фаъолияти касбии хешро ба роҳ монанд.
№ | Номи қонун | № ҳуҷҷат | Санаи қабул | Вазъи қонун |
1. | Қонуни ҶТ“Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ “ | № 382 | 14.12. 1996 с. | мавриди амал |
2. | Қонуни ҶТ“Дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” | № 961 | 19.03. 2013 с. | мавриди амал |
Қонун “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” аз замони Шӯравӣ ба мо мерос монда, меъёри ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот дар ин қонун ба таври зайл сабт шудааст: Моддаи 20. “Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, кормандони онҳо барои пешбурди фаъолияти хеш тибқи муқаррароти қонунгузории мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки аз мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои шаҳрвандон, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо маълумоти заруриро гиранд. Шахсони мансабдор, ки ба ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ маълумот медиҳанд, барои ҳаққонӣ будани он ҷавобгаранд”.
Ташкилотҳои телевизион ва радио ҳуқуқ доранд, ки маълумот ба даст оранд, аммо дар қонуни мазкур муҳлат ё таъхир дар омодасозии маълумот аз ҷониби дорандагони (соҳибон)и иттилоъ дарҷ нагардидааст. Аз ин рӯ, ташкилотҳои телевизион ва радио ба қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” такя мекунанд. Чунки дар қонуни мазкур муҳлат ё таъхир дар пешниҳоди маълумот мушаххасан гуфта шудааст.
Моддаи 23. Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО”
- Ҳар шахс ҳуқуқ дорад, ки тариқи воситаҳои ахбори омма дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти аниқ ба даст орад.
- Воситаҳои ахбори омма ҳуқуқи аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани ахборро доранд. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо ба воситаҳои ахбори омма маълумоти зарурӣ дода, барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо имконият фароҳам меоранд.
- Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти расмии зарурӣ ва ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии онҳо, ки омӯзиши иловагиро талаб намекунанд, дар мӯҳлати то се рӯзи кории баъди муроҷиат ё нашр (пахш) гардидани маводи дахлдор, ҷавоб диҳанд. Аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти таҳлилӣ, ки аҳамияти ҷамъиятӣ дошта, ба номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дигар маълумоте, ки бо қонун ҳифз карда мешавад, дохил нест ва омӯзиши иловагиро талаб наменамояд, бе таъхир пешниҳод карда мешавад.
- Роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо вазифадоранд ба маводи танқидӣ ва таҳлилии вобаста ба фаъоляташон, ки омӯзиши иловагиро талаб мекунанд, дар мӯҳлати на бештар аз ду ҳафтаи баъди рӯзи нашри (пахши) онҳо ба воситаи ахбори оммаи дахлдор ҷавоб диҳанд.
- Дар ҳолати аз додани маълумот саркашӣ намудани роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, намояндаи воситаи ахбори омма ба мақомоти болоӣ ё тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят карда метавонад.
Моддаи 24. Радкунӣ ва таъхир дар пешниҳоди иттилоот
- Радкунии пешниҳоди иттилооти дархостшаванда дар мавриде имконпазир аст, ки он дорои маълумоти дар моддаи 6-и Қонуни мазкур зикргардида бошад (Моддаи 6. Роҳ надодан ба суиистифода аз озодии сухан интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ ё ахбори дигари бо қонун ҳифзшаванда, ахборе, ки барои бо зӯрӣ сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ, ба содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ташвиқоти ҷанг, зулму зӯроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат даъват мекунад, инчунин мавод ё предметҳои порнографиро таблиғ ва ташвиқ мекунад, манъ аст).Воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншаванда ҷавобгаранд. Хабарнома дар бораи радкунӣ ба воситаи ахбори омма дар муддати се рӯзи баъди гирифтани дархости хаттии иттилоот супорида мешавад.
- Таъхир дар пешниҳоди иттилооти дархостшаванда имконпазир аст, агар пешниҳоди маълумоти талабшаванда дар мӯҳлати се рӯз аз имкон берун бошад. Хабарнома оид ба таъхир ба дархосткунанда дар мӯҳлати се рӯз баъди гирифтани дархости хаттии иттилоот бо нишон додани сабаби таъхир ва мӯҳлати пешниҳоди иттилоот супорида мешавад.
- Дар ҳолати рад намудани пешниҳоди иттилоот, воситаи ахбори омма метавонад ба мақомоти болоӣ ё мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат намояд.
Қонуни дигаре барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст, ки муносибатҳои марбут ба тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо танзим мекунад.
№ | Номи қонун | № ҳуҷҷат | Санаи қабул | Вазъи қонун |
1. | Қонуни ҶТ“Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” | № 1339 | 23.07. 2016 г. | Мавриди амал |
Қонуни мазкур ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ додааст, ки дар шаклҳои мухталиф (шифоҳӣ, хаттӣ, электронӣ ё телефонӣ) муроҷиат намоянд. Аммо мӯҳлати баррасии шикоят давоми сӣ рӯз баррасӣ мешавад, муроҷиатҳое, ки омӯзиш ё таҳқиқоти иловагиро талаб намекунанд, дар муддати понздаҳ рӯз аз рӯзи бақайдгирии муроҷиат баррасӣ мешаванд.
Дар сурати саркашӣ аз пешниҳоди маълумот қонунгузорӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ намудааст. Барои онҳое, ки талаботи қонунро вайрон мекунанд, ҷазо чи гуна аст?
Рангет Ятимов, ҳуқуқшиноси ТҶ “Хома”
Ҷазо барои таъхир дар пешниҳод иттилоот дар ду Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаааст.
№ | Номи қонун | Санаи қабул | Вазъи қонун | Муҷозот пешбинишуда |
1. | Кодекси хукуквайронкунии маъмури ЧТ | 31.12.2008г. | Мавриди амал | Моддаи 87 КҲМ ҶТ. Риоя накардани тартибу мӯҳлати баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣБарои ғайриқонунӣ рад намудани баррасии муроҷиатҳо, бидуни сабабҳои узрнок риоя накардани тартибу муҳлати баррасии онҳо, қабул кардани қарори беасос, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гардидааст, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1335),– ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 58 сомонӣ)Моддаи 88 КҲМ ҶТ. Саркашӣ аз пешниҳоди маълумот ба шаҳрвандБарои саркашӣ аз додани маълумот ба шаҳрванд, ки бо тартиби муқарраргардида ҷамъоварӣ шудааст ва бевосита ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд дахл дорад ё саривақт надодани чунин маълумот, инчунин надодани дигар маълумот дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонун ё ба шаҳрванд додани маълумоти нопурра ё нодуруст аз ҷониби шахси мансабдор ҳангоми набудани аломати ҷиноят,– ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 58 сомонӣ) |
2. | Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон | 21.05.1998с. | Мавриди амал | Моддаи 148 КҶ ҶТ. Радди додани маълумот ба шаҳрвандАз ҷониби шахси мансабдор радди ғайриқонунӣ ба шаҳрванд додани санад ё ҳуҷҷатҳое, ки бевосита ба ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ дахл доранд ва мутобиқи тартиби муқарраршуда ҷамъоварӣ гардидаанд, инчунин додани маълумоти нопурра ё қасдан додани чунин маълумоти барғалат, агар он ба ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳамин шаҳрванд зарар расонида бошад,– бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 58 сомонӣ)Моддаи 163 КҶ ҶТ. Вайрон кардани қонунҳо оид ба муроҷиати шаҳрвандон1) Радди ғайриқонунии баррасии муроҷиати шаҳрвандон, бидуни сабабҳои узрнок вайрон намудани мӯҳлати баррасии арзу шикояти онҳо, қабули қарори беасос ва хилофи қонун, инчунин вайрон кардани қонунҳо оид ба муроҷиати шаҳрвандон, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи шаҳрвандон, ҷамъият ё давлат зарари ҷиддӣ ворид намудааст,– бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардани аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 58 сомонӣ)2) Таъқиби шаҳрванд аз ҷониби шахси мансабдор вобаста ба муроҷиати ӯ ба мақоми давлатӣ, корхона, ташкилоту муассиса ё иттиҳоди ҷамъиятӣ ё барои танқиди дар муроҷиаташ инъикосёфта, инчунин барои дар шакли дигар бо танқид баромад карданаш,– бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад. (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 58 сомонӣ) |
ВАО ва журналистон зимни таҳияи дархости журналистӣ ё дархости такрорӣ ин меъёрҳоро метавонанд ёдрас намоянд. Намунаи дархости журналистӣ ва дархости такрорӣ дар сомонаи ТҶ “Хома” (https://www.khoma.tj/khoma/2020/03/27/namunai-darkhosti-journalisti/) қобили дастрас аст.
Маълумот аз сомонаи https:/https://www.khoma.tj/khoma/
По-моему мнению у Вас получилась очень доходчивая, умная статья, прочитал и поставил все точки над i, теперь буду использовать это умение комментировать.