Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар бораи қабули мавод дар мавзӯи пешгирии зӯроварӣ дар оила хабар дод.
Дар озмуне, ки бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оила ва инчунин маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, тамоми хоҳишмандон, рӯзноманигорони таҷрибадор, фрилансерҳо, инчунин донишҷӯёни факултети журналистика метавонанд, ширкат варзанд.
Ба гуфтаи Маъмур Юсуфов, раиси дафтари матбуот, ин озмун дар чаҳорчӯби Барномаи давлатии “Пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” баргузор мешавад.
«Ҳадаф аз баргузории озмун муайян намудани беҳтарин кормандони ВАО дар минтақа, ошкор намудани истеъдодҳои нав дар соҳаи рӯзноманигорӣ, ки дар таблиғоти ҷилавгирӣ аз хушунат ва нобаробарии гендерӣ, равшансозии ҳуқуқи занону мардон фаъолона иштирок мекунанд, беҳбудии вазъи занон дар ҷомеа ба ҳисоб меравад», – гуфт М.Юсуфов.
Ба гуфтаи ӯ, дар маводи пешниҳодшуда муаллифон бояд аз далелу маълумоти воқеӣ истифода кунанд, роҳҳои пешгирии хушунати хонаводагиро пешниҳод намоянд. Озмун аз рӯи чаҳор номинатсия: беҳтарин мақола, репортаж ё барномаи телевизионӣ, беҳтарин навори иҷтимоӣ ва аксбардорӣ баргузор мешавад.
“Рӯзи охирини қабули маводҳои озмун 1 декабри соли 2021 аст. Ҳама маводҳо бояд қайди “Барои озмун” дошта бошанд. Натиҷаи озмун дар рӯзи ниҳоии маъракаи “16 рӯзи бидуни хушунат”, ки ҳамасола дар даҳаи аввали моҳи декабр баргузор мешавад, эълон хоҳад шуд”, – хулоса кард роҳбари хадамоти матбуот.
Маълумот аз сомонаи https://sugdnews.com/2021/11/09/v-hudzhande-objavlen-konkurs-dlja-zhurnalistov-2/ дастрас шудааст.
Шарҳи худро гузоред