Дар давраи соли 2006 то соли 2020 дар ҷаҳон зиёда аз 1200 рӯзноманигорон кушта шудаанд, ки ҳамзамон қариб 9 аз 10 ҳолатҳои кушторҳо то ҳол ошкор нашудаанд, ки ин маълумот аз Обсерваторияи Юнеско оид ба куштори рӯзноманигорон гирифта шудааст. Беҷазоӣ аксар вақт боиси зиёд шудани куштор шуда, дар тезу тунд шудани низоъҳо ва коста гардидани қонунгузориву системаи судӣ сабаб мешавад. Юнеско нигарон шудааст, ки беҷазоӣ оид ба ин ҷиноятҳо ба гурӯҳҳои ҷамъиятӣ таъсири манфӣ расонида, рӯйпӯшкунандаи поймол гаштани ҳуқуқҳои инсон, коррупсия ва ҷинояткорӣ гашта истодааст. Ба Ҳукуматҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО ва ҳамаи онҳое, ки дар эътибори олӣ доштани қонун бетараф нестанд, пешниҳод мешавад,ки дар талошҳои глобалии аз байн бурдани беҷазоӣ саҳми худро гузоранд.
Ҳамчун аломати эътирофи дур рафтани оқибатҳои беҷазоӣ, бахусус ҷиноятҳо ба муқобили рӯзноманигорон соли 2013 маҷмааи Созмони милали Муттаҳид дар рафти 68-умин иҷлосияи худ муоҳидаи 68/163 қабул кард, ки дар он 2 ноябрро ҳамчун рӯзи Байналмилалии қатъи беҷазоӣ нисбати ҷиноятҳо ба муқобили рӯзноманигорон эълон намудааст. Муоҳида давлатҳои аъзоро барои андешидани чораҳои зарурӣ нисбати беҷазоӣ даъват менамояд. Ин сана, яъне 2 ноябр ба хотири 2 рӯзноманигори франсузӣ, ки дар Мали 2 ноябри соли 2013 вафот кардаанд, бахшида шудааст.
?fbclid=IwAR3MQ7bIFg2jaOdKD_S0kdPsxqnwCnI1Ysr71_Q_PcSCf0h3oSthdGGYf9Y
Маълумот аз сомонаи www.nansmit.tj гирифта шудааст.
Шарҳи худро гузоред